9 МАЙ – РӮЗИ ҒАЛАБА, ҚАҲРАМОНӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Санаи 9 май — Рӯзи Ғалаба бар фашизм натанҳо як санаи тақвимист, балки яке аз пурҷалолтарин ва пурифтихортарин саҳифаҳои таърихи башарият ба шумор меравад. Санаи мазкур рамзи пирӯзии нерӯи адолат, ваҳдат ва матонат бар ҷаҳолат, зулм ва фоҷиаи инсонист. Расо ҳаштод сол қабл, 9 майи соли 1945, бо имзои санади таслимшавии бечунучарои Олмони фашистӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ хотима ёфт. Он ҷанг, ки дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз фоҷиабортарин ва хунрезтарин муаррифӣ шудааст, тақдири даҳҳо кишвар ва сарнавишти миллионҳо инсонро дигаргун намуд.

Барои мардуми мо низ ин сана азизу муқаддас аст, зеро фарзандони содиқу далери тоҷик дар сафи Артиши Шӯравӣ бо ҷасорату мардонагӣ дар майдонҳои муҳориба ва ақибгоҳ ширкат варзида, ҷоннисориҳо намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват гардидаанд. Аз миёни онҳо зиёда аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро дар ин ҷанги даҳшатбор нисори Ватан карданд. Зиёда аз 55 ҳазор нафар беному нишон боқӣ монданд. Ҳар нафари ин рӯйхат — натанҳо як сарбоз, балки як қисмати таърих, як ибрат ва як рамзи ватандӯстӣ мебошанд.

Дар ин ҷанг саҳми ақибгоҳ низ бузург аст. Бояд таъкид кард, ки Ғалаба танҳо бо силоҳ ба даст наомадааст. Онро коргарону деҳқонон, омӯзгорону табибон, кӯдакон ва модарони заҳматкаш дар ақибгоҳ бо меҳнати шабонарӯзии худ таъмин намудаанд. Дар шароити норасоии захираҳо, мардум маҳсулот, либоси гарм, доруворӣ ва ҳатто маблағ барои эҳтиёҷоти ҷанг ҷамъ меоварданд. Хусусан, модарон ва духтарони тоҷик, ки ҳамзамон ҳам дар саҳро меҳнат мекарданд, ҳам фарзанди азизашонро гусел мекарданд, рамзи зиндаи сабру устуворӣ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чунин таъкид кардаанд:

“Мо ҳамеша ифтихор мекунем, ки фарзандони барӯманди халқи тоҷик бо мардонагиву шуҷоат ва матонати бемисл дар муҳорибаҳои сахту сангини ҷанг ширкат варзида, барои озодии халқи худ ва дигар халқҳои Шӯравӣ, ҳимояи Ватан ва таъмини ҳаёти орому осоишта қаҳрамониҳо кардаанд”.

Дар ин замина, поси хотир ва вазифаи наслҳо дар замони истиқлолу ваҳдати миллӣ аҳамияти хоса дорад. Ҳар як номи шаҳид, ҳар як лавҳаи ёдбуд, ҳар як ёдгории таърихӣ — ин дарси зиндаи ватандӯстӣ ва худшиносӣ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд.

“Мо бояд таърихи халқи худро, махсусан саҳми беназири мардуми тоҷикро дар ҷараёни ҳодисаҳои бузурги асри ХХ ҳамаҷониба омӯхта, онро ба наслҳои оянда бирасонем, то эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар қалби ҳар як ҷавони пояи устувор пайдо кунад”.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба мо натанҳо ғалабаро овард, балки як мактаби бузурги зиндагӣ, ибрат ва ҳушёриро омӯхт. Онро омӯхт, ки як миллат бо ваҳдат, ирода ва маърифати баланд метавонад бар ҳама гуна таҳдид ғолиб ояд.

Имрӯз, ки мо дар фазои сулҳу суботи комил ва давлатдории миллӣ зиндагӣ дорем, бояд хидмати гузаштагонро қадр намуда, наслҳои навро дар рӯҳияи ифтихор аз таърих, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намоем.

Рӯзи Ғалаба — натанҳо як ёдбуд аст, балки як рисолати миллӣ, ахлоқӣ ва таърихӣ барои ҳар як фарди тоҷик аст.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Наимзода Б.Р.

Напечатать страницу Напечатать страницу