Гар туро доду деҳат Шому Ҳиҷозу Яман аст,
Дили ман пеши ҷаҳонест, ки номаш Ватан аст.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақоми хосса дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо – тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ арзёбӣ гардидааст.
Ҳазорон нафар ҷанговарон аз фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Дар муҳорибаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ мубориза бурда, корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Барои тарбияи насли навраси Тоҷикистон донистани таърихи ин иди бузург ниҳоят муҳим аст. Аз ин рӯ, дар баробари адабиёте, ки аз таърихи гузаштаҳо ба ҷавонон дарс шудааст, ба ин васила дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоқикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст.
Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанг дар баробари фиристодани зиёда аз 300 ҳазор сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин бо таъмин намудани артиши Шӯравӣ ба либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши ногусастание гузоштааст. Ногуфта намонад, ки ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо ба ҷумҳуриҳои иттиҳод балки барои тамоми сокинони сайёра бисёр судманд ба ҳисоб меравад. Зеро дар он замоне, ки фашизм дар ҳоли пешрафт буд тамоми миллатҳои сайёраро хатари аз даст додани истиқлолияти сиёсӣ таҳдид мекард. Яъне Иттиҳоди Шуравӣ бо ғалаба бар фашизм на танҳо марзу буми худро аз душман ҳифз намуд, балки дигар сокинони сайёраро низ аз гирифторӣ ба гирдоби фашизм эмин нигоҳ дошт.
Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон, пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дустӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари мардони шуҷоъи тоҷик, ҳамчунин занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.
Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
9 май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватани (1941—1945) эълон гардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кудаки хешу пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.
Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот
ва таъминоти моддию
техникии судҳо Миҳтоҷова Н.