Тавре ба ҳамагон маълум аст, 14 декабри соли 2024, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаро дар бораи эълон гардидани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки он бевосита аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо як ҳамовозию ҷонибдории бесобиқа қабул кард, ки ин як мояи шарафмандӣ ва ифтихори самимии ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад.
Зеро, ки Қатъномаи мазкур яке аз қатъномаҳои воқеан таърихӣ арзёбӣ гардида, дар он чуноне, ки дарҷ гардидааст якбора ҳам Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шудааст.
Ва маҳз ба ин санаи воқеан ҳам таърихӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон бо як ифтихору самимият ба халқу миллати тоҷик муроҷиат карда, аз ҷумла ёдрас шуданд, ки қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Бешубҳа, он ташаббуси панҷуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, бори дигар боз ҳам аз баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад».
Зеро, ки имрӯзҳо бинобар бо шиддат тағйир ёфтани иқлим дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим, ки ин ҳам ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад, асоси таъмини зисту зиндагонӣ инсониятро дар ояндаи наздик ташкил медиҳад. Ба ин манзар дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида ҷудо гардидаанд, ки аз ин мушкилот ва таҳаввулотҳои экологии ҳозиразамон аз ҷумла масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ба ҳайси захираи бунёдии оби ошомидании тоза маҳсуб меёбад, ба мушкилоти дараҷаи аввали аҳли башар табдил ёфтааст.
Маҳз барои ҳамин ин масъалаҳои ҳаётан муҳими инсонӣ, хусусан мушкилоти тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии сайёраву инсоният дар меҳвари ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Дар робита ба ин, Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки: “тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад.
Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”.
Бинобар ин воқебинона бояд дарк кард, ки тамоми ҳадафҳои мамлакти мо ба субботи экологии сайёра роҳандозӣ гардида, онҳо бешубҳа аз хислати прогрессивӣ доштани онҳо гувоҳӣ медиҳанд ва тамоми нақшаву тадбирҳою чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар заминаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонида мешаванд, ояндаи миёнамуҳлат ва дурнамои соҳаи мазкурро дар бар мегиранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ва шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои моддӣ ва ғайримодии ин ё он халқу миллат одатан ба санаҳои муайян ва ё ҷашну рӯйдоди халқу миллатҳо маҳсуб меёбад ва чунин пайвандии санаҳои таърихӣ дар тамоми аҳолии сайёра аз муҳим будани масъалаи меҳварӣ гувоҳӣ дода, барои гирди ҳам овардани онҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба хотири таъмини зисту зиндагии шоиста ҳидоят мекунад.
Ба ин хотир , аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус вобаста ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қобили қабул ва дастгирӣ аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон гардида, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар ва эълон карда шуд.
Санаи 21 март муқаррар ва эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо воқаен ҳам рамзӣ ва ҳам падидаи дорад. Зеро ин рӯзро мардуми заҳматпешаву шарафманди Тоҷикистон, кулли тоҷикзабонони ҷаҳон ва халқу миллатҳои “ҳавзаи Наврӯз” ҷашни байналмилалии Наврўзро ҳар кадоме бо шукўҳу шаҳомати ба таври худашон муносиб тантана ва таҷлил менамоянд. Ва ин низ беҳикмат набуда, гувоҳи он аст, ки СММ муайян кардани 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба фарҳанги тоҷикон, хосатан ташаббусҳои Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон, абармардсиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, бори дигар аз нуфузу обрую эътибору эътирофи ҷаҳонӣ доштаи Роҳбарияти Олии сиёсии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки ин боиси сарфарозию ифтихори самимии ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки 21 март эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз, нигоҳдошт ва аҳамияти ҳаётан муҳим доштани пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун манбаи обии сайёраи Замин равона гардидааст.
Ба ин манзар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи пиряхҳо ва фароҳам овардани заминаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии муайяннамоии Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як қатор чораҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо то ҳамин давра як барномаи давлатӣ ва ду стратегия қабул гардидааст, ки ҳадафи амалисозии онҳо ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои болозикр равона гардидааст. Яке аз чунин санадҳо Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 мебошад, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 тасдиқ шудааст.
Тайи солҳои охир бинобар тағйирёбии глобалии иқлим ва гармтар шудани ҳаво ба яке аз мушкилоти воқеии экологӣ табдил ёфта, қариб тамоми сайёраро ба таҳлука ва ташвишу мушкилотҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ карда истодааст, ки оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, низ бе таъсир намонда истодааст.
Имрузҳо об дар сатҳи байналмилалӣ, хусусан дар Осиёи Марказӣ ба сифати як неъмати ноёбу бебаҳо, муҳимтарин дороии миллӣ ва амниятии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Зеро об дар баробари неъмати истеъмолии ҳаётӣ будан, бештар дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва истеҳсоли энергия ба халқу миллатҳо хизмат мекунад.
Аз рӯи таҳлили олимони соҳа бар меояд, ки анқариб 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал, дар обёрии заминҳои кишоварзӣ сарф гардида истодааст. Бинобар сол аз сол рӯ ба афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ эҳтиёҷоти кишварҳои минтақа ва ниёз доштанашон чӣ ба оби ошомиданӣ ва чӣ ба оби полезӣ торафт зиёд шуда истодааст.
Бинобар маълумотҳои оморӣ тайи шаст соли охир шумораи аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз 20 миллион то ба 70 миллион нафар расида, ҳамасола талабот ба истеъмоли об аз 65 км3 ба 120 км3 расида, мутобиқ ба тадқиқотҳои илмӣ, ин талабот то соли 2030 боз то 20-25 фоиз хоҳад афзуд. Дар баробари ин вобаста ба тағйирёбии иқлим ва марҳила ба марҳила гарм шудани ҳавою обшавии аз меъёри зиёди пиряхҳо, масъалаи бо оби ошомидани таъмин кардани аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ дар солҳои наздик боз ҳам душвортар хоҳад шуд.
Маҳз ба ин хотир Тоҷикистон, ҳануз аз даврони ба даст овардани истиқлолият ба масъалаи муносибати боинософонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва ҳаётан муҳим диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, тайи 20 соли охир ташаббускори фаъоли масъалаҳои глобалии марбут ба обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб ёфта,дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи асосиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ азбар намудааст.
Вобаста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якчанд ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад карда, дар соҳаи сиёсати байналмилалии об Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он босарбаландона муаррифӣ намуда истодаанд.
Боиси ифтихорӣ самимӣ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин Даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад.
Ҳамзамон бо ифтихор бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззаму бохиради миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии ҳоҷагии оби Осиёи Марказӣ буда, доимо таъкид бар он доранд, ки мардуми сарбаланду заҳматпешаи тоҷик, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона ва боинсофона истифода намояд.
Зеро Тоҷикистон дорои захираи фаровони об буда, 60 фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ, зиёда 65 миллиард метри мукааб об ҳар сол дар қаламрави кишвари мо тавлид меёбад. Манбаи ин оби фаровон дар навбати аввал, агар бориши зиёди барфу борон дар минтақаҳои баландкӯҳ бошад, аз тарафи дигар, пиряхҳоест, ки дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва аз сардии ҳаво ба зудӣ об нашуданашон дар қаламрави кишвар қомат афрохтаанд. Аз рўи таҳлил ва тадқиқоти илмии олимон муайян карда шудааст, ки қариб нисфи ҳамаи қитъаҳои пиряхии Осиёи Миёна дар ҳудуди Тоҷикистон дар баландии 3500-5300 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидаанд.
Омӯзиш ва таҳлили олимона соҳа таи солҳои охир аз он гувоҳи дода истодааст, ки дар шароити тақвият ёфтани раванди гармшавии ҷаҳонии иқлим масъалаи аз меъёр зиёд об шудани пиряху қабатҳои барфи минтақаҳои ташаккули захираҳои об боиси нигаронии шадидро бавуҷуд оварда истодааст.
Аз ин ҷиҳат, дар чунин мавридҳо ҳолати таъсири нобасомони гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим вобаста ба пиряхҳо дар ҳолати чораҷӯйӣ накардан аз ҷониби кишвари алоҳида ва ё дар якҷоягии давлатҳои минтақаю ҷаҳон ба оқибатҳои ногувори табиӣ оварда хоҳад расонад. Дар баробари ин, обшавии пиряхҳо барои нигоҳдории муътадили обанборҳои сунъӣ сохташуда, неругоҳҳои барқию обӣ, киштзорҳо, ҷойҳои аҳолинишин метавонад таҳдиди бевосита дошта, аз меъёри муқаррарӣ зиёд шудани об метавонад, ки ба оқибатҳои вазнини ҷонию, молию иқтисодӣ оварда расонад.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз дар Паёмашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 21 декабри соли 2021 таъкид намуда буданд, ки “Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро якҷо бо шарикони байналмилалӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.
Ба ин манзар натиҷаи кӯшишҳои Роҳбарияти олии мамлакат гувоҳ аз он аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ ҳадафмандона қабул кард.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи аввалини пешвоёни Эътилофи обу иқлим Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Бо дарназардошти ин, Роҳбари давлати мо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Боиси ифтихори ҳамаи мо тоҷикону Тоҷикистониён аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои аҳамияти умумибашарӣ доштаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор арзёбӣ намудааст.
Инчунин дар ин санад таъкид гардидааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шуда, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам гардида, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст, ки ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсири ҷидди худро расонида истодааст.
Дар баробари ин на бояд аз мадди назар дур кард, ки масъалаҳои экологӣ, алалхусус таъмини ҳифзи пиряхҳо метавонад ба суботи экологии наслҳои ояндаи аҳолии Тоҷикистон ва минтақаҳои наздисоҳилии истифодабарии об созгор бошад. Бинобар ин, бояд боз ҳам масаъалаҳои робитаҳои берунӣ оид ба беҳсозии вазъи мавҷудаи захираҳои пиряхҳои ҳудуди мамлакат, омӯзиш, тадқиқот, нигаҳдорӣ ва ҳифзи онҳо дар мадди назари асосии Ҳукумати мамлакат қарор дода шавад.
Лозим ба ёдоварӣ ва боиси таассуф аст, ки таҳдидҳову хатарҳои муосир, аз ҷумла мушкилоти тағйирёбии иқлим тайи даҳсолаҳои охир ин равандро ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд, ки таъсири он ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо, аз ҳам ҷиҳат бисёр ҳам нигаронкунанда ба назар расида истодааст.
Дар ин замина ҳанӯз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором (шаҳри Душанбе, тариқи (маҷозӣ), 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир градида, зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванд мебошанд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад”.
Бо дарназардошти андешаҳои болозикр бояд таъкид намоем, ки эҳтимол дар натиҷаи гармшавии иқлим дар бисёр минтақаҳо ғайричашмдошт бо суръати таҳдидкунанда обшавии пиряхҳо, ки манбаи оби нӯшокианд, ба назар мерасад. Аз рӯйи мушоҳидаҳои олимони иқлимшинос тайи панҷоҳ соли охир дар қаторкӯҳҳои Помир, ки асоси ганҷинаи табиии оби тозаро ташкил медиҳанд, захираи пиряхҳо қариб, ки ду баробар кам шудааст ва агар пеши роҳи ин ҳолат гирифта нашавад, таъсири манфии оқибатҳои он аз эҳтимол дур нахоҳад буд ва он ба ҳолатҳои буҳронӣ оварда расонидаш мумкин аст.
Аз ҷумла ҳодисаҳои стихиявии метеорологии бузурге, ки дар раванди тағйирёбии иқлим ба амал омада истодаанд, таъсири бевоситаи худро ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ-энергетикӣ, саноат ва кишоварзӣ мерасонанд. Яқинан ин падидаҳо ба кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ба тағйирёбии иқлим осебпазиранд, таъсироти манфии бештар доранд. Аз ин рӯ тағйирёбии пайдарпайи иқлим якҷоя бо баландшавии ҳарорату коҳишёбии миқдори боришот дар баъзе манотиқ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқи Тоҷикистон таъсири амиқи худро гузошта истодааст.
Ба ин манзар на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми давлатҳои ҷахонро масъалаҳои муҳиму ҳалталаб, пеш аз ҳама: тағйирёбии глобалии иқлим, (обшавии пайдарпайи пиряхҳо, гармшавии иқлим, партовгазҳои гулхонаӣ ва дигар омилҳои номутаносиб) таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ба ташвиш овардааст.
Дар пешорӯи инсоният ва ҳаёту зиндагии онҳо қарор гирифтани ин мушкилотҳо аз тамоми мардум тақозо менамояд, ки дар муносибат бо табиату сарватҳои табиӣ эҳтиёткор бошанд ва дар ҳама ҳолатҳо оқилона рафтор намоянд.
Аз ин рӯ на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъсири глобалии иқлим, дар шакли болоравии ҳарорат, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии маҷрои дарёҳо дучор гардида истодаанд.
Хулоса таҷрибаи ду даҳсолаи охир нишон дода истодааст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ буда, татбиқи амалии онҳо дар амиқ дарк кардани аҳамияти об, ҳам барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зисту пиряхҳо ва таъмини сулҳу суббот саҳми арзандаи худро гузошта омада истодааст.
Маҳз бо ташаббусҳои ҷаҳонии бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳамчунин ҳифзи низоми экологии об ва дигар масоли марбут ба обу иқлим, имрӯз дар рузномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки худ яке аз дастовардҳои муҳими муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардида истодаанд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мо тоҷикону Тоҷикистониён мебошад.
Саидзода Зулфия: Судяи Суди Олии иқтисодӣ
Напечатать страницу