Баргузории Маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Пленум, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло, аъзои Пленум судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Хайриддин Шарифҷон Пленуми навбатии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар Пленуми навбатии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои қабули қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷониби судҳои иқтисодӣ татбиқ намудани шартномаҳои байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардидаанд” ва дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 3 аз 26 ноябри соли 2009 “Дар бораи ҳалномаҳои судӣ”, инчунин бозхонд ва интихоби котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи ҳайати нави Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қарорҳои дахлдори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу