Имрӯз, 23 апрели соли 2025, намояндагони Суди Олии иқтисодӣ дар кори Форуми байналмилалии муҳокимавӣ дар мавзӯи “Шакли электронии адолатӣ судӣ” иштирок намуданд.
Ташкилкунандаи ин чорабинӣ Муассисаи давлатии федералии таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия буд, ки ташкили асосии ин чорабини тайёр кардан, такмил додан ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо барои низомҳои судии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Чорабинӣ дар заминаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Русия ба номи П.Н. Лебедев баргузор шуд.
Дар Форуми мазкур намояндагони судҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белоруссия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Дар давоми форум, иштирокчиён масъалаҳои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди судӣ, раванди электронии судӣ, амнияти иттилоотии судӣ ва рақамикунонии адолатро муҳокима карданд.
Напечатать страницу


