Раиси муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло,
Бо эҳтиром ва боварии амиқ Шуморо бо тасдиқи дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2025, №4 (фармоиши №94/д.и. №94 аз 28.03.2025), ки шаҳодати талоши пайваста ва заҳматҳои бедареғ дар андухтани донишу хирад мебошад, таҳният мегӯем!
Ин дастовард на танҳо натиҷаи заҳмату кӯшиши анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотии Шумо, балки ифтихори ҳайати кормандони мақомоти судӣ ва ҷомеаи ҳуқуқшиносӣ маҳсуб мешавад. Шумо бо фаъолияти илмии худ собит намудед, ки илму амал дар якҷоягӣ метавонанд ба рушди адолати иҷтимоӣ ва такмили низоми судӣ мусоидат намояд.
Бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки Шумо минбаъд низ бо донишу таҷрибаи бойи худ дар баланд бардоштани сифати фаъолияти ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун ва таъмини адолати судӣ саҳми арзишманд хоҳед гузошт.
Ба Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои пайваста дар кору фаъолияти илмӣ ва роҳбариатон таманно дорем.
