Бори дуюм ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои тамоми мардуми меҳнатқарини кишвар пайки фараҳбахшу хотирмон мебошад.
Қобили қайд аст, ки меҳру самимияти бепоёни мардуми шарифи Тоҷикистон ба сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз беш аз пеш маъниву моҳияти амиқу созанда ба бар мекунад. Чунки даврони озодиву истиқлол ва рӯйдодҳои нотакрори он чашми мардуми моро ба замон, дастовардҳо ва ободии кишвар хеле боз намуд. Имрӯз фарзанди фарзона, сиёсатмадори барҷаста ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон симои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рӯ ба рушдро тамоман дигар, бо рангу хосияти назаррасу дилпазир муаррифӣ карданд.
Маҳз, натиҷаи хизматҳои софдилонаву содиқона ва бедареғи ин фарзанди баландэътибори тоҷикон дар назди Ватан буд, ки ба онҳо халқу миллати тоҷик кайҳо баҳои баландро сазовор донистааст.
Ба фазои раҳбарии сиёсӣ омадани Рустами Эмомалӣ – аввалан ба сифати Раиси шаҳри Душанбе ва сипас Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи раванди чашмрас ва бебозгашти эътирофи нақши шаҳрвандон дар таърихи кишвар ва пешбурди ҷомеаи фарҳанггустар мебошад.
Интихоби парламенти касбӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон амали устувор ва ҳодисаи муҳимме мебошад ва дар ин зимана интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чашмдошт ва интизории мардумро низ дар роҳи боз ҳам устувор намудани ҳаёт ва иҷтимоиёт меафзояд. Бо чунин интихоб раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ- сиёсӣ дар ҷумҳурӣ бори дигар рӯ ба беҳбудӣ меоварад.
Боиси тазаккур аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси арзанда буда, дар олами сиёсат кадамҳои устувор мегузоранд. Дар тӯли фаъолияти кориашон дар вазифаҳои гуногун обутоб ёфта, ҳар як масъулияти бар душашон вогузоштаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву мардумпарварӣ, кордониву ҷасорат, хирадмандиву адолатпешагӣ ва ободкориву созандагӣ иҷро намуда, то ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе расиданд. Дар давоми солҳои шаҳрдории муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвари азизамон ободу зебо гардида, дар самти беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шаҳр ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Воқеан ҳам, ободкориву бунёдкориҳои пойтахти кишварро дида бо боварии комил метавон гуфт, ки дар пайи амалисозии дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои Рустами Эмомалӣ хеле бузург мебошад.
Аз ин ҷиҳат, интихоби арзанда ва сазовори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи дарку қадрдонии Пешвои миллат аз хизматҳои содиқона, софдилона ва холисонаи шаҳрвандон дар пешрафти кишвари мо, ифодаи меҳру муҳаббат ва самимият дар роҳи бунёди Тоҷикистони навини озоду обод, демократӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд мебошад. Воқеан тағйироти куллӣ дар парламенти кишвар ба асосҳои иҷтимоии ҳаёти мардуми мо такя дорад ва имкон фароҳам меоварад, ки дар ин ҷода тамоюли устуворе рӯйи кор оянд.
Ҳамин тавр, интихоби навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар вазифаи пурмасъул – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулиятро дар наздашон боз ҳам афзун менамояд. Бо боварии комил метавон зикр намуд, ки дар ояндаи наздик пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини олам табдил меёбаду дар кишвар қонунҳое таҳия ва қабул мегарданд, ки ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноки замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона мегарданд. Дар иҷрои масъулияти бузург ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.