- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Қабули шаҳрвандон

8 апрели соли 2025 тибқи ҷадвали идоравии муайяншуда, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтистодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар раванди он, шаҳрвандон бевосита имконият пайдо карданд, ки муроҷиати худро бо зикри асосҳои он ба роҳбарияти суд иброз намоянд. Муроҷиати шаҳрвандон бо тартиби муқарраргардида ҳал гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.