Наврӯз –ҷашни бузурги хуршеди ва зиндашавии табиат

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми Ориётабор буда, ҳамасола бо омадани баҳори зебо ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн таърихи ҳазорсолаи худро дорад, ки фарҳанги аҷдодии мардуми Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мебошад. Наврӯз яъне “Рӯзи нав” ва оғози солшумории офтобии ҳиҷри ба ҳисоб меравад. Наврӯз аз замонҳои бостонӣ ҳамчун ҷашни офариниши табиат, бедоршавии табиат шинохта мешавад. Наврӯз, рамзи ҳаёти нав, дӯсти ва сулҳ аст. Дар ин рӯз инсонҳо на танҳо ба покизагии манзил ва гирду атроф машғул мешаванд, балки дили худро низ аз кинаю адоват пок мекунанд.Ҷашни Наврӯз бо расму оинҳои гуногун сурат мегирад, ба мисли, Гулгашти Наврӯзи омадани баҳорро таҷлил мекунанд. Навруз соли 2010 ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба расмият дароварда шуд. Ҳамчунин дар Созмони миллали Муттаҳид Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмиллали эълон карда шуд. Ин баёнгари аҳамияти ҷаҳониии ҷашн аст, ки на танҳо фарҳанги як қавм ё миллат, балки ба тамоми инсоният пайванди дорад.

Поянда бод Наврӯзи ҷаҳонӣ ва фарҳанги абадзиндаи мардуми Мо!

Сармутахассиси раёсати
ташкили кори судҳо                                    Абдураҳимзоада М.Н.

Напечатать страницу Напечатать страницу