Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва дигар масъулин пас аз анҷоми чорабинии Наврӯзӣ аз як қатор қисмҳои ҳарбии ноҳия боздид намуданд. Ташаббуси мазкур ба муносибати Наврӯзи байналмилал ба роҳ монда шуд.
Масъулин дар баромадҳояшон таъкид карданд, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни баҳор ва эҳёи табиат аст, балки як рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва эҳтироми бузург ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ мебошад. Гуфта шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашн, ки ба эҳтиром ба аҷдодон ва таърихи гузаштаи халқи тоҷик вобаста аст, боиси таҷдиди нерӯ ва омодагӣ ба фаъолиятҳои муҳим барои якҷоягӣ ва субот дар кишвар мегардад.
Пас аз мулоқот ба сарбозон дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои идона супорида шуд.
Чорабинии мазкур на танҳо рамзи шодии баҳор ва эҳёи табиат, балки рамзи муҳаббат ба арзишҳои миллӣ, ваҳдат ва ҳамбастагӣ байни сарбозон буд.
