Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарин ва муқаддастарини мардуми ориётабор буда, баъдҳо мардуми араб низ онро пазируфтаанд ва бо гузашти солҳову асрҳо халқҳои гуногуннажод ҳам онро ҷашни миллии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯзи олам, ки онро дар кӯҳистони тоҷик бо ҳамин ибора ёд мекунанд, аз ҷашнҳои бисёр қадим ва маъруфи ориёӣ аст. Наврӯз ҷашни оғози баҳору эҳёи табиат, кишту кори деҳқониву мавсими кори чорводорон, ҷашни на танҳо инсон, балки ҳамаи мавҷудоти олам низ мебошад.
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромад ва ба иди расмии мардуми ориёӣ такмил ёфтааст. Тибқи адабиётҳои таърихӣ Куруши Кабир Наврӯзро дар замони ҳукмронии худ соли 538 пеш аз мелод бо маншури махсуси худ ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз баъзе корҳои ҳавасмандгардониро анҷом медод: ба мисли рутба додан ба сарбозон, поку тамизу озода намудани маскану маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва авфи зиндониён.
Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудаанд. Замони ҳукумронии Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккаи тилло зарб намуд, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст.
Дар замони Сосониён бошад Наврӯз ҳамчун иди расимии давлатӣ пазируфта шуда ба пояи баланд бардошта шуд. Сосониён, ки дар инкишофи фарҳанг ва ҷамъ овардани сарватҳои маънавӣ бештар мекӯшиданд, ба танзими ҷашну оинҳо корҳои бузургеро анҷом доданд. Подшоҳони сосонӣ ҷашни Наврӯзро азизу гиромӣ дошта, баҳри густариши он корҳои зиёд мекарданд, ва онро шаш рӯз ҷашн мегирифтанд.
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд. Ҷашни Наврӯз дар аҳди Сомониён хеле бошукуҳ таҷлил мешуд. Ҳангоми гузаронидани ин ҷашн амирони сомонӣ дар қасрҳои хеш ҷашнҳо меоростанд ва беҳтарин шоирони қасидагӯйд дар васфи Наврӯз ғазалу қасидаҳо месуруданд.
Наврӯз дар замини Ғазнивиён, Салчуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъд аз истилои мағул аз тарафи халқи меҳнаткаш ботантана ҷашн гирифта мешуд.
Дар зарфи дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштан, дар Тоҷикистон иди Наврӯз ба баҳонаи иди мазҳабӣ ва хурофотпарастӣ будан манъ карда шуда, ба таври расмӣ ҷашн гирифта намешуд. Ниҳоят соли 1978 ҷашнгирии Наврӯзро бо номи Иди баҳор иҷозат доданд ва ҳамон сол нахустин бор дар пояи ҳайкали устод Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе ҷашн гирифта шуд.
Воқеан, ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дорад ва аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, дорои арзишу сифатҳои нек мебошад. Аз ҷумла ваҳдату ҳамрайъӣ ва дустиву рафоқат аз муҳимтарин оинҳои ин ҷашни фархунда дониста мешавад, ки мардуми мо ба он арҷ мегузоранд. Наврӯз бо фарорасии баҳор кошонаҳои моро нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки суннатҳои неки ниёгонамонро, аз қабили Иди Сада, Иди Меҳргон ва Иди Тиргон аз нав эҳё, ҳифз ва пешкаши ҷаҳониён гардонем.
Қобили зикр аст, ки бо талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди бевоситаи Тоҷикистон ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 29-уми феврали соли 2010 дар бораи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” эълон шудани 21-уми март қатънома қабул кард ва бо ҳамин Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ, ки амалан кайҳо ҷаҳонӣ буд, расман ҷаҳонӣ шуд.
Сармутахассиси раёсати ташкили
кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо: Хушвахтов О.И.
