Наврўзи байналмилалӣ ҷашни бостонии мардуми тамаддунофари тоҷик аст, ки гузаштагони мо тӯли асрҳо онро бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта, ба сатҳи байналмилалӣ расидааст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз 26-уми январи соли 2021 махсус бо ифтихор иброз доштанд, ки дар тамоми кишварҳои олам бо забони ноби тоҷикӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз мардум ба якдигар “Наврӯз муборак” мегӯянд ва ин калимаҳо тарҷума надоранд.
Тавре Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон таъкид кардаанд: “Иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврўз мебошанд. Яъне, забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ якҷо бо Наврўзи фархундаву озода муҷассамаҳои абадзиндаи мардуми ориёӣ ва пояҳои маънавии мавҷудияти таърихии тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Таърих исбот кардааст, ки истилогарон на танҳо аз пайи ғорати молу ашё мешаванд, балки мекўшанд, ки рукни муҳимтарини ҳастии миллат, яъне забону фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги моддии онро аз байн бурда, пояҳои маънавии давлатро шикананд.”
Мавриди зикр аст, ки Наврӯзи байнамилалӣ фалсафаи соддаю мураттаби худро дорад. Пеш аз ҳама тибқи фаҳмиши зардуштиён ҳар як ориёӣ барои пешвоз гирифтани Наврӯз тайёрии ҷиддӣ дида, ба соли нав пок, тоза аз ҳама гуна бадӣ, ҷиноят, зулм ва ғайра пой мегузошт. Махсусан, тоза кардани хонаҳо, ҳавлӣ, пухтани таомҳои хос, либоси нав роиҷ буд. Субҳи содиқ ба чашма рафта дар он ба якдигар об мепошиданд, ки маънои сафедӣ, покӣ, файз, пок шудан аз гуноҳҳоро дошт.
Наврўзи байналмилалӣ барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии њар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ, ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Наврўз дар Тоҷикистон эҳё гардида, шукўҳу шаҳомати тоза пайдо карда, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Фазилати Наврўз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.
Айни ҳол, Наврӯз байналмилалӣ гаштааст ва ин воқеан ҳам ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикистониён аст, зеро мардуми олам бо урфу одат, анъана ва тамаддуни халқи тоҷику ориёиён ошно гашта, бо забони тоҷикӣ “Наврӯз муборак” мегӯянд ва забони мо низ дар дунё номвар мегардад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, халқи азизи кишварро ба ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуда, ба ҳамватанони азиз тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгору осуда таманно дорам.
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аминзода Саидабону Рустам