- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ВУСЪАТИ РАВАНДҲОИ НАВ ДАР МАМЛАКАТ

Яке аз рӯйдодҳои муҳим Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мебошад, ки бори аввал дар бинои нави парлумони кишвар баргузор гардид. Ин воқеа, дар ҳаёти ҷамъият марҳалаи муҳим гардид. Паёми солонаи Сарвари давлат принсипи демократии идораи кишварро инъикос намуда, яке аз унсурҳои бунёдии волоияти қонун маҳсуб мешавад. Дар доираи ин Паём Сарвари давлат ба ҳар як интихобкунанда дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, муваффақиятҳои бадастоварда ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ҳисобот дода, инчунин вазифаю самтҳои рушди минбаъдаи кишварро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа намуданд.

Паёми Сарвари давлат дастурамал, барномаи фарогири кор барои тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳамчунин дастури мардумест, ки ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебарад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар оғози Паём ҳадафи калидиро муайян карда буданд, ки “Тайёр намудани шароити зиндагии шоиста барои сокинони кишвар ҳадафи олии давлату ҳукумат буда, мо тамоми захираву имкониятҳои худро баҳри амалӣ намудани ин ҳадаф сафарбар намудем”.

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат – эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” сиёсати дурандешонаи таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми бахшҳои ҷомеаро инъикос менамояд.

Навоварӣ қувваи пешбарандаи пешрафти илмию техникӣ ва омили асосии рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мебошад. Президенти кишвар дар Паёми худ аҳамияти интеллекти сунъӣ, тиҷорати электронӣ ва соҳибкории рақамиро барои рушди иқтисодиёти миллӣ махсусан қайд карданд.

Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат дар самти рушди инфрасохтори инноватсионӣ, таъсиси Донишгоҳи инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб, ифтитоҳи факултетҳои махсус дар донишгоҳҳо, фароҳам овардани шароит барои омода кардани мутахассисон дар соҳаи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои муҳим гузошта шуданд.

Татбиқи ин ҳадафҳо ҳамкории зич байни донишгоҳҳо, марказҳои тадқиқотӣ ва тиҷоратро тақозо мекунад. Паркҳои технологӣ метавонанд як платформаи омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди стартапҳо ва ҷорӣ намудани ғояҳои нав гарданд.

Барои дастгирии инноватсия ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои корхонаҳои нав, таъмини маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок ва ҷалби сармоя аз хориҷа муҳим аст. Эълони “Солҳои иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия” як катализатор барои пешрафти босуръати ин соҳа хоҳад буд.

Дар самти судҳои иқтисодӣ низ соҳаи барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ нақши хеле муҳим дорад, зеро раванди коргузориро фарроху осон менамояд.

Дар ин маврид ҳар як корманди дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, бахусус ҷавононро зарур аст, ки аҳамияти инноватсия ва иқтисоди рақамиро дарк намуда, дар рушди кишвар саҳм гузоранд.

Кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ вазифадоранд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир амалӣ намоянд.

 

 

 

Мудири бахши иттилоот ва рақамикунонии

Суди Олии иқтисодӣ

Дамонзода Ғ.Р.