РУШДИ САНОАТ ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

Замони муосир ва рушди ҳаёти инсонӣ, зина ба зина талаботи ба худ хосро пайдо кардааст. Бо гузашти вақт башарият тавонист омилҳои беҳтареро барои таъмини ҳаёти шоистаи худ ва дар сатҳи арзанда идома бахшидани зиндагӣ ба роҳ гузорад. Таърих гувоҳ аст, ки кишварҳои мутараққии олам чӣ гуна бо муборизаҳои шадид ва тағйир додани тафаккуру андешаҳо, маданияту фарҳанг ва тарзи ҷадиди зиндагӣ, саъю талош кардаанд, то барои кишвару миллати худ фазои созгорро фароҳам оранд. Тоҷикистон низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳони пешрафта, марҳилаҳои гуногунро паси сар кардааст.

Дар марҳилаи муосири рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аз ҷумлаи се вазифаи асосии татбиқи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Рақобатпазирии иқтисоди миллӣ аз рақобатпазирии соҳаҳои асосии он вобаста буда, дар ин замина ташаккул ва рушди устувори саноати рақобатпазир самти муҳимми тақвияти бартариятҳои рақобатии иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин тамоюл ва равандҳои мураккаби бозори ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки саноати рақобатпазир омили калидии ташаккули иқтидори давлат ва пояи асосии рушди бемайлони он ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи саноати мамлакат аз фаъолияти содиқонаи соҳибкорони ватанӣ вобастагии зич дорад. Ин аст, ки давлату ҳукумати мамлакат барои фаъолияти пурсамари соҳибкорони ватанӣ, имкониятҳои заруриро муҳаё кардааст. Талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти босифату бехатар ба фаъолияти дурусти соҳибкорон вобастагӣ дорад. Онҳо, танҳо тавассути донишу таҷрибаи пешрафтаи худ имкон доранд, ки молу маҳсулоти рақобатпазирро ба истеъмолкунанда пешниҳод созанд.

Ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони умумиҷаҳонии савдо ба мамлакати мо мақоми “иқтисоди бозоргонӣ”-ро дода, имкон фароҳам овардааст, ки бозори иқтисодии худро куллан тағйир дода, соҳаи саноату истеҳсолотро рушд диҳем. Танҳо тавассути баланд бардоштани сифату бехатарии молу маҳсулоти босифат ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, тибқи стандартҳои байналмилалӣ, роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ бароямон муяссар мегардад. Таи чанд даҳсолаи охир, соҳибкорони ватанӣ аз таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои тараққикарда васеъ истифода мебаранд ва донишу малакаи худро баланд мебардоранд, то сифати молу маҳсулоти ватаниро рақобатпазир ба талаботи бозори ҷаҳонӣ гардонанд.

Ҳукумати мамлакат дар ин доира соҳибкорони ватаниро барои бунёди корхонаҳои нав ҷалб карда, барояшон шароит фароҳам меорад, то барои таъмини талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ молу маҳсулоти рақобатпазирро истеҳсол кунанд. Ин аст, ки алҳол корхонаҳое бунёд шуда истодаанд, ки маҳсулотро шурӯъ аз ашёи хоми маҳаллӣ, то омода барои истеъмолкунанда тайёр мекунанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон кору фаъолияти як қатор корхонаҳои ватанӣ, ба таври наву замонавӣ ба роҳ монда шуда, сол то сол истеҳсолкунандагон анвои наву муосири молу маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯро барои аҳолӣ, пешниҳод мекунанд. Ин аст, ки маҳз қабул ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият кардани корхонаҳои ватанӣ омили ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтани молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаҳои воқеии рушди саноат, аз ҷумла захираҳои бойи табиӣ, қувваи корӣ, манбаъҳои кофии энергияи сабз, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, мавҷудияти бозорҳои дохиливу хориҷӣ, иқлими мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар омилҳои пешбарандаи истеҳсолоти саноатӣ аст, ки барои тараққиёти босуръати тамоми бахшҳои он, бахусус саноати маъдан ва металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозиву кимиё ва дар ин замина ба рушди истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамин тариқ, рушди саноат ва муваффақ шудан ба қонеъгардонии талаботи бозори ҷаҳонӣ симои мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос намуда, ҳар давлат бо моли истеҳсолкардааш муаррифӣ карда мешавад.

 

Сармутахассиси шуъбаи
муносибатҳои байналмилалӣ
ва мураттабсозии санадҳои
меъёрии ҳуқуқӣ                                                        Абдураҳимзода Ш.Ҳ.

Напечатать страницу Напечатать страницу