Таҷлили Рӯзи Модар дар Суди Олии иқтисодӣ

6 марти соли 2025 дар Суди Олии иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии  зан-модар бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Аминзода Зокирҷон Тоҳир оғоз намуда, зимни сухани табрикӣ иброз доштанд, ки имрӯз мо дар арафаи таҷлили накутарин ҷашн дар айёми баҳор, иди модарон, ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад қарор дорем.

Зан-модар беҳтарин олиҳаи зиндагист. Мардони тоҷик ифтихор аз он доранд, ки зани тоҷик метавонад дар баробари онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятю сиёсӣ фаъолият менамояд. Акнун онҳо ба ғайр аз бонуи хонадон ва модару хоҳари меҳрубон будан, сиёсатмадор, ҳуқуқдону иқтисодчӣ, муҳандису корманди тиб, муаллимаву варзишгар ва соҳиби даҳҳо касбу кори дигар, мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз зани тоҷик дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки “Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.”

Фаъолияти бонуи тоҷик ба ҳайси судя, ҳамчун шахси ба амалбаровардани адолат, ҳифзкунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар шахсон, худ яке аз намунаҳои барҷастатарини таҳкими нақши зан дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мебошад.

Хоҳед, ки доимо муваффақ бошед, дар хизмати зан-модар бошед. Зеро симои модар ин симои Ватан, миллат ва давлат аст.

Дар идомаи ҳамоиш судяҳои суди иқтисодӣ Наимзода Бахтиёр Раҷабалӣ, Нуриддини Нуруллохоҷа ва Сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳо Асрорзода Зуҳуриддин дар васфи зан модар, аҳамият ва ҷойгоҳи таҷлили рӯзи модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад ва занону бонувони Суди Олии иқтисодиро бо эҳсоси гарм табрик намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба занону бонувони суд туҳфаҳои хотиравӣ ва гулу гулдастаҳо тақдим гардид.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу