Иқтисодиёти ҳар кишвар омили асосии устувории иҷтимоӣ ва рушди стратегӣ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва сиёсати самарабахши иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди устувор тадбирҳои судманд андешида, соҳаҳои калидии иқтисодро тақвият мебахшад. Барномаи давлатии саноатикунонӣ, истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва рақамигардонии иқтисодиёт аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии дарозмуддати рушд ба шумор мераванд.
Саноатикунонии босуръат барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад. Бо мақсади таъмини рақобатнокии истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳо, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди саноати коркард таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ташкили инфрасохтори саноатӣ, дастгирии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ аз тадбирҳои асосӣ мебошанд.
Заминаи ҳуқуқии рақамигардонии иқтисод тавассути такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ» таҳким меёбад. Ин иқдомҳо ба рушди муҳити сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, барои ташаккули истеҳсолоти миллӣ ва коҳиши вобастагии иқтисод аз воридоти молҳои хориҷӣ замина мегузоранд.
Сиёсати энергетикии Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ва рақамигардонии низоми энергетикӣ равона шудааст. Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», навсозии неругоҳҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани системаи рақамии идоракунии шабакаҳои энергетикӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» заминаи ҳуқуқиро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди бахши хусусӣ дар соҳаи энергетика фароҳам меорад. Тавассути рақамигардонии низоми идоракунии энергетикӣ самаранокии истеҳсол ва истифодаи неруи барқ беҳтар гардад. Ин раванд имконият медиҳад, ки Тоҷикистон дар бозори минтақавии неруи барқ мавқеи худро тақвият бахшида, содироти неруи барқро афзоиш дода, инчунин шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо ва идоракунии шабакаҳои энергетикиро баланд бардорад.
Рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб мешавад. Дар солҳои охир маблағгузории соҳа афзоиш ёфта, сохтмони беморхонаҳои муосир ва марказҳои саломатӣ дар шаҳрҳо ва деҳот татбиқ мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон тавассути ислоҳоти қонунгузорӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои рақамии идоракунӣ ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» шароити ҳуқуқии рушди соҳаи тандурустиро фароҳам оварда, ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таъмини дорувории босифат равона шудааст. Дар доираи рақамигардонии соҳа, татбиқи платформаҳои рақамии тиббӣ, ворид намудани корти электронӣ барои беморон ва ташкили пойгоҳи ягонаи маълумоти тиббӣ барои муассисаҳои табобатӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Ин иқдомҳо ба беҳтар намудани самаранокии идоракунӣ, таъмини шаффофият ва суръатбахшии расонидани кӯмаки тиббӣ мусоидат менамоянд.
Таҳкими иқтисоди миллӣ ва рушди устувор аз ҳадафҳои асосии стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ислоҳоти иқтисодӣ, такмили қонунгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мусоидат мекунанд. Дар ин раванд, рақамигардонии иқтисод ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ имконият медиҳанд, ки Тоҷикистон ба сатҳи нави рақобатпазирӣ ворид гардида, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд.
Қаландарзода Мансур Сафар- судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу