Моликияти зеҳнӣ дар рушди иқтисодиёт ва инноватсияи ҳар як давлати дунё нақши муҳим дорад.
Дар робита ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 Стратегияи милли рушди моликияти зеҳнӣ барои то солҳои 2030 қабул гардида, ин Стратегия ба самти созмон додани шароитҳои хеле мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ равона гардидааст.
Боиси қайд аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Стратегияи мазкур қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста такмил ёфта, он бояд ҷавобгуи талабот ва бархурдҳои замони муосир гардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ дар самти патентикунонии ихтироот, намунаҳои саноатӣ ва моделҳои муфид босамар амал намуда, дар оянда ҷиҳати боз ҳам соддагардонии муроҷиат оиди ба даст овардани Патент ва баланд бардоштани сифати экспертизаҳо корҳои мушаххас аз ҷониби Маркази миллии патент ва иттилоот ба анҷом расонида шаванд.
Бақайдгири тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ низ аз ҷониби ҳамин Марказ ба роҳ монда шуда, бояд рафти бақайдгирӣ ва додани тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ такмил дода шавад.Зеро аз оқибатҳои ин бақайдгириҳо пешрафти тиҷорат ва ҷалби сармоя вобастагӣ дорад.
Дар робита ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ” ҳифзи ишораҳои ҷуғрофиеро, ки дар намунаҳои тамғаҳои молӣ истифода шуда, онҳо сифати махсуси мол ва ё мавқеи истеҳсолкунандаро таҷасум менамояд, ҳифз менамояд. Масъалаи мазкур низ ба пештрафти тиҷорат ва ҷалби сармоя алоқаманд аст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” доираи васеи ҳуқуқҳои эҷодкорон дар самти адабиёт, санаъат ва эҷоди асарҳои бадеию илмиро дар бар мегирад. Айни замон ба он аҳамияти бештар дода мешавад, ки ин ҳуқуқҳо чи тавр дар муҳити рақамӣ ва шабакаҳои интернетӣ аз асардуздиҳо ҳимоя карда мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле фаъолона бо тамоми ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба моликияти зеҳнӣ алоқаманд аст, аз ҷумла бо Ташкилоти байналмиллалии моликияти зеҳнӣ ва Идораи Авруосиёии патентӣ дар самти мувофиқасозии қонунгузории миллӣ бо стандартҳо ва лоиҳаҳои байналмиллалӣ муносибатҳои ҳамкорӣ дорад.
Омилҳои асосии моликияти зеҳнӣ, ки ба рушди ҷомеа алоқаманд мебошанд, инҳо шуда метавонанд:
Моликияти зеҳнӣ бо ҳимоя намудани ғояҳои созанда ва асарҳои эҷодшуда, шахрвандон ва ташкилотҳоро дар истеҳсоли маҳсулотҳои нав, технологияҳо ва асарҳои нави санъат ҳавасманд менамояд.
Моликияти зеҳнӣ рушди иқтисодиётро дастгирӣ намуда ҷойҳои нави кориро эҷод ва сармояро ба худ ҷалб менамояд. Корхонаҳои дорои манбаҳои бузурги интелектуалӣ дар бисёр ҳолатҳо дар бозор мавқеи рақобатпазир доранд.
Моликияти зеҳнӣ ба муаллифон ва ихтирокорон барои гирифтани маблағҳои ҳавасмандгардонӣ мусоидат намуда, онҳоро дубора барои эҷоди ғояҳо ва лоиҳаҳои нав руҳбаланд мегардонад.
Патент ва ҳуқуқҳои муаллифӣ боиси пайдо гаштани донишҳои нав ва технологияҳо гашта, ба дигар муҳаққиқон ва ихтирокорон ҷиҳати такмил додани дониш ва коркардҳои худ дар заминаи ин дониш ва технологияҳо, асос мегузорад.
Моликияти зеҳнӣ дар савдои байналмилалӣ нақши муҳим дошта, барои фаъолият ва рушди корхонаҳо шароит муҳайё намуда, дар ҳамкориҳои байналхалқии соҳаи илм ва технологияҳо мусоидат менамояд.
Муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т.