Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид гардид. Дар тӯли ин солҳо, кишвар бо вуҷуди мушкилоти гуногун, тавонист ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардад. Роҳбарияти кишвар таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувореро дар самти таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисод ва беҳтарсозии зиндагии мардум амалӣ намуда, кишварро ба сӯи пешрафту шукуфоӣ ҳидоят намуд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар ин давра, барқарор ва таҳкими сулҳу субот мебошад. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997), ки ба иқтисодиёт ва суботи миллӣ зарбаи сахт расонд, Роҳбари давлат тавонист бо роҳи гуфтушунид ва сиёсати хирадмандона ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҷомеа таъмин намояд. Имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои амни минтақа маҳсуб шуда, таҷрибаи сулҳофаринии он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи нодир арзёбӣ мегардад.
Дар тӯли 30 соли охир иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври назаррас рушд ёфта, татбиқи як қатор лоиҳаҳои стратегӣ боиси пешрафти устувори кишвар гардид. Аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳо, нақбҳо ва хатҳои интиқоли барқ имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз кишвари вобаста ба нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил ёбад.
Бунёди НБО-и «Роғун», ки яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии минтақа ба ҳисоб меравад, на танҳо ба истиқлоли энергетикии кишвар мусоидат мекунад, балки дар оянда метавонад Тоҷикистонро ба маркази содироти нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Ҳамчунин, рушди соҳаи саноат, бахусус дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, боиси афзоиши истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардид.
Дар даврони истиқлолият инфрасохтори нақлиётӣ ба таври назаррас рушд ёфт. Имрӯз Тоҷикистон дорои роҳҳои байналмилалии дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, ки на танҳо алоқаи дохилиро таъмин менамоянд, балки кишварро бо давлатҳои ҳамсоя ва минтақаҳои дур пайваст мекунанд. Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Хатлон» рафтуомади мардумро осон намуда, рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият бахшид.
Маориф ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа дар сиёсати давлатдорӣ ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин давра мактабҳо ва донишгоҳҳои нав бунёд гардида, сатҳи саводнокии аҳолӣ ба таври назаррас баланд шудааст. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи илм, бахусус рушди технология ва ихтироъкорӣ равона шудааст, ки ба пешрафти кишвар мусоидат менамояд. Бахусус, таваҷҷуҳи зиёд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, IT ва ихтироъкорӣ барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
Фарҳанги бой ва таърихи қадимаи тоҷикон дар замони истиқлолият эҳё ва рушд карда, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои ҷолиб барои сайёҳон шинохта мешавад. Бозсозии осорхонаҳо, мақбараҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ба шиносоии ҷаҳон бо мероси бойи тоҷикон мусоидат менамояд. Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) соҳаи сайёҳӣ рушди бесобиқа ёфта, Тоҷикистон ба яке аз маконҳои ҷолиб барои сайёҳони хориҷӣ табдил ёфт.
Илова бар ин, бояд қайд намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъол дар саҳнаи байналмилалӣ шинохта мешавад. Кишвар узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буда, бо кишварҳои гуногун ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар масоили муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла идоракунии захираҳои об, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ, дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта мешаванд.
Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки роҳи рушди мустақилро интихоб намуда, дар тамоми соҳаҳо пешравиҳои назаррас ноил гардад. Аз таҳкими сулҳу субот то рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати муосир ва пешрафта қадамҳои устувор гузоштааст. Бо роҳнамоии Пешвои миллат ва дастгирии мардуми шарифи кишвар, Тоҷикистон дар оянда низ метавонад дар самти рушд ва шукуфоӣ ба қуллаҳои баландтар расад.
Наимов А.А.- Ёрдамчии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон