Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд.
Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар зарурати иштироки фаъоли занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талаб менамояд.
Бояд зикр кард, ки аз ҷониби занону бонувони тоҷик сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар титбиқи он аз ҷониби ин қишри ҷомеа нақши бориз гузошта мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021, №167 қарор “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул гардидааст, ки тибқи он Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тасдиқ карда шудааст.
Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 27 банд иборат буда, иҷрокунандаи онҳо бошад дар маҷмӯъ, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, тандурустї ва њифзи иљтимої, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ (бавосита), Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.
Банди 6 нақшаи мазкур, зиёд намудани пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ дар сатҳи қабули қарорҳоро пешбинӣ намудааст.
Айни ҳол, ин банд мавриди иҷроиш қарор дошта, мисоли равшани татбиқи он дар судҳои иқтисодӣ ин Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар воқеъ дар баробари мардон, занон низ корбарӣ ва маҳорату малакаи хуби корӣ доштанашонро собит сохтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 иброз доштанд, ки “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”.
Набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.
Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Тавре аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, соли ҷорӣ пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди тоҷик ба ғайр аз гузоштани нақши муассир дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.
Судяи Суди Олии иқтисодӣ
Баротзода З.М.
