17-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Варзоб таҳти раисии судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, бо иштироки мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодӣ Салихов Худоназар Махмадназарович доир ба парвандаи иқтисодӣ маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд.
Баъд аз анҷоми маҷлиси сайёри судӣ аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, мудири бахши иттилоот ва рақамикунонии Суди Олии иқтисодӣ Дамонзода Ғолиб Раҷабалӣ, ёрдамчии судя Фарҳодзода Волида ва мутахассиси пешбари раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодӣ Салихов Худоназар Махмадназарович бо кормандони ШВКД дар ноҳияи Варзоб вохӯрӣ баргузор намуда, бобати дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии ҳокимияти халқ ва таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо гузаронида шуд.
Напечатать страницу


