- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Интихобот падидаи асосии рушди ҷомеаи демократӣ

Дар воқеъ, интихобот чун чорабинии сиёсӣ яке аз омили марказии ҷомеаи демократиро ташкил дода, ба шаҳрвандон имкони иштирок дар идоракунии давлатро фароҳам меоварад.Ҷомеаи демократӣ интихоботро ҳамчун муҳимтарин воситаи амалисозии ҳокимият бо иштироки халқ муаррифӣ месозад.Интихобот шакли асосии таҷассуми соҳибихтиёрӣ, воситаи муҳими таҷассуми демократия, ташкили мақомоти гуногуни давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ мебошад.Интихобот робитаи ногусастанӣ байни шаҳрвандон ва ҳукуматро таъмин намуда, қонунӣ будани институтҳои сиёсиро тасдиқ менамояд ва инчунин ба рушди бемайлонаи ҷомеа мусоидат менамояд. Шаҳрвандон тавассути ширкат дар интихобот  фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд. Муҳимтарин ҳадафи сиёсати давлатии Тоҷикистон устувор нигоҳ доштани асосҳои сохти конститутсионӣ, барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки ҷавҳари онро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад.

Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, ҳамчунин, барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф асосҳои ҳуқуқиро муҳаё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад. Чунин кафолатҳои конститутсионӣ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд дар самти таъмин намудани ифодаи ихтиёрии иродаи халқ дар интихобот мебошад.

Тавре аз муқаррароти моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гуруҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд”.

Интихобот ва райъпурсӣ, ки дар рушди демократия ва ҷомеа нақши назаррасро касб менамояд, дар пешбурди давлату давлатдорӣ ва идораи давлатӣ сарчашмаи аввалиндараҷаро мемонанд. Ҳуқуқи иштироки шаҳрвандонро дар ин маъракаҳои сиёсӣ моддаи 27-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки мутобиқи он шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Дар асоси қонунгузориҳои ҷориву амалкунандаи кишвар интихобкунандагон бо ҳуқуқи баробар дар интихобот ширкат меварзанд. Интихоботи шаффофу одилона ва қонунӣ василаи муҳим ва таҳкими амнияти кишвар эътироф гардида, заминагузори рушду такомули падидаҳои иҷтимоӣ ва соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 таъкид шуда буд: “Интихоботи дар пеш истода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд”.

Расидан ба давлати воқеан демокративу ҳуқуқбунёд ва таъмини рушди босуботи ҷомеа маҳз тавассути ба роҳ мондани интихоботи шаффоф имконпазир мебошад.

Иштирок дар интихобот масъулияти шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, рушди ояндаи кишвар аз он сарчашма мегирад.

 

 

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Раҷабзода Парвина