14 феврали соли 2025 аз ҷониби муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва мутахассиси пешбари Раёсати коргузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатоҳзода М.Н. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳри Турсунзода маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд.
Ҳамчунин бо мақсади шарҳу тавзеҳи паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои Батош, Ҷовидон-1, Ҷовидон-2, Меҳробод ва Саидалӣ Табарови Ҷамоати Қаратоғ-и шаҳри Турсунзода , дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат” сӯҳбат гузаронида, қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро татбиқи нуқтаҳои ин ҳуҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва сатҳи зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардад.

