- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Маҷлиси ҳафтаина

27 январи соли ҷорӣ маҷлиси навбатии назоратӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси доиргардида, Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. таъкид сохтанд, ки интизоми меҳнат аз ҷониби судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба таври қатъӣ риоя карда шавад ва дар ин хусус мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор гардид, ки интизоми меҳнатро назорат намояд.

Дар идомаи маҷлис,  таъкид гардид, ки тозагӣ дар гирду атрофи бинои суд ва таҳхонаи он аз назар гузаронида шуда,  барои боз ҳам ободу тоза гардонидани  гирду атрофи бинои суд шанбегӣ доир карда шавад.

Ҳамзамон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ қайд намуданд, ки  06 феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ баргузор мегардад ва то баргузории он бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба таҳлили тамоми самтҳои фаъолияти судҳои иқтисодӣ, инчунин тайёр намудани маълумот оид ба категорияҳои баҳсҳо ва роҳбари дастгоҳ доир ба ободонии ноҳияи Спитамен маълумотҳои заруриро омода намоянд.

Дар фарҷоми маҷлис, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳо вазифадор карда шуданд, ки минбаъд дар рӯзҳои шанбе дар раёсату шуъбаҳо ва бахшҳо як нафар аз кормандони худро тибқи рӯйхат навбатдор гузоранд.