Маҷлиси ҳафтаина

Санаи 20 январи соли ҷорӣ Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии назоратиро оғоз намуда, судҳяо ва кормандони дастгоҳро таъкид сохтанд, ки интизоми меҳнатӣ ба таври қатъи риоя карда шавад ва дар ин хусус мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор гардид, ки интизоми меҳнатро назорат намояд.

Дар идомаи маҷлис, таъкид карда шуд, ки дар баробари омӯзиши забони англисӣ барои кормандони дастгоҳи суд барои судяҳо низ ташкил карда шавад. Инчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба маблағҳои зарари ба манфиати давлат руёнидашуда ва боҷи давлатӣ тадбирҳо  андешида шуда, ҳамзамон маблағҳои буҷет сарфа карда шаванд.

Дар рафти маҷлис, аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодӣ таъкид гардид, ки судяҳо ва ёрдамчиёни онҳо парвандаҳо ва санадҳои судиро саривақт ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба раёсати коргузорӣ ва назорат супоранд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки зимни расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти кории судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе тамоми самтҳои фаъолияти судҳои иқтисодӣ аз ҷумла, дурустии ҳисоботҳои омории солонаи судҳои иқтисодӣ, таъинотҳои хусусии баровардашуда ва маҷлисҳои сайёри судӣ, инчунин маълумотномаҳои тарғибу ташвиқ мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки зимни баррасии парвандаҳо вобаста ба баҳсҳои замин ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳаматарафа таҳлил ва баҳо дода  шуда, сипас қарор қабул карда шавад.

Дар охир, вобаста ба дуруст ва ҳаматарафа мавриди санҷиш қарор додани тамоми ваҷҳу далелҳои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ, масъулин вазифадор карда шуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу