Ҳокимияти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷойгоҳи хоси худро дошта, судҳои иқтисодӣ адолати судиро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба амал мебароранд.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ собит месозад, ки соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3253 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст.
Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 1716 парванда, истеҳсолот доир ба 136 парванда қатъ карда шуда, 162 аризаҳо бебаррасӣ мононда шудааст. Қабули 17 ариза рад карда шуда, 2 парванда ва 3 ариза аз рӯи тобеияти судӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст.
Инчунин 242 аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикоятҳо беҳаракат мононда шуда, 318 аризаву шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 355, дар суди марҳилаи назоратӣ 295 ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 7 адад парванда баррасӣ карда шудааст.
Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ 4 270 666,15 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст.
Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 416 064 477,80 сомонӣ талаби даъво қонеъ ва ба маблағи 4 073 883,76 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Оид ба рӯёнидани ин маблағҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро дода шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомотҳо тибқи маълумоти дастрасгардида дар давраи ҳисоботӣ иҷрои санадҳои судӣ воқеан ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ руёнидашуда ба андозаи 305 821 594 сомонӣ таъмин карда шудааст.
Баҳри иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 440 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, доир ба парвандаҳои баррасигардида дар 429 ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст.
Дар ин давра, 26 ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 110 пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.
Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 4 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути телевизиони марказию маҳаллӣ дар барномаи “Мурофиа” ба намоиш гузошта шуда, дар барномаи маърифати “Ҳуқуқи Шумо”, ки ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе доир ва манзури бинандагон мегардад, 30 маротиба баромад карда шудааст.
Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, ба судҳои иқтисодӣ ҳамагӣ 21 супориши судӣ ворид гардида, иҷрои 13 супориши судӣ таъмин гардида, 8 супориши судӣ бе иҷро боқи мондааст.
Ғайр аз ин, 12 дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид ва баррасӣ карда шудааст.
Вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023, № 668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 тасдиқ гардида, аз ҷониби кормандони судҳои иқтисодӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, дар ташкилоту муассисаҳо ва мулоқот бо аҳолӣ 1200 вохӯрӣ доир карда, тариқи телевизиони марказию маҳаллӣ 285, ба воситаи радиои марказӣ 318 баромадҳо ва дар рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳо 539 мақолаҳои илмиву оммавӣ чоп ба чоп расонида шудааст.
Дар пайгирӣ аз сиёсати ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандаи Роҳбари давлат ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №305 аз 01 июли соли 2022 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни мазкур нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодӣ тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дошта, корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, шинонидани гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ ҳар рӯзҳои шанбе ба тариқи шанбегиву ҳашарҳо ба роҳ монда шудааст. Аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур карда мешавад.
Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021- 2025) таҳти назорат буда, аз корҳои анҷомдода ба Шурои миллии муқовимат бо коррупсия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар муҳлатҳои муқарраргардида маълумотнома манзур карда мешавад.
Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, инчунин бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони судҳои иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ роҳандозӣ гардидааст, ки ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ 1349 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ворид шудааст, ки аз он 1015 бо тариқи шифоҳӣ (аз ин 214 дар рӯзҳои шанбе) ва 331 дар шакли хаттӣ, 1 муроҷиат электронӣ ва 2 муроҷиати телефониро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои болозикр 1348 баррсӣ гардида, 1 муроҷиат баррои баррасӣ ба соли 2025 боқӣ мондааст.
Напечатать страницу