Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Санаи 8 январи соли 2025 ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 ҳисоботҳои муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуллозода З.Ф. ва муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. шунида шуд.

Сипас доир ба натиҷаи фаъолияташон Раисони судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ахборот манзур намуданд.

Дар кори Раёсат натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир,  қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби муовини Раис Хайриддинзода А. ироа гардид.

Напечатать страницу Напечатать страницу