Боздиди собиқ Раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ аз бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Барои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мақоми баланди ҳокимияти судӣ дар ҷомеа хос аст, зеро суд арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро, ки вазифаи муқаддаси давлат аст, риоя ва ҳифз менамояд. Баробарии дигари шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

5 декабри соли 2024, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд. Бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи кору хизматрасонӣ мебошад.

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, 30 декабри соли 2024 собиқ Раисони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Избулло Хоҷаев, Абдуллоев Нусратулло ва собиқ Раисони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Файзулло, Ғоибназаров Амирхоҷа, Мансурзода Наим ва Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо даъвати Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам Пираҳмад ба бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда аз он боздид намуданд.

Пас аз боздиди бинои нави Суди Олӣ, меҳмонон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимӣ зоҳир менамояд ва дар ҷавоб ба ин дастгириҳо бояд кормандони ҳокимияти судӣ фаъолияти кориро боз ҳам беҳтар намуда бо масъулияти баланд рисолати касбиро дар ба амалбарории адолати судӣ иҷро намоянд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу