Санаи 28 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»–ро ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохили ва хориҷӣ ва таъмин пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намудаанд.
Сарвари давлат дар Паёми худ, пешниҳод намуданд, ки “Солҳои 2025-2030 рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шавад ва ҳамзамон қайд намуданд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар, ин таъмини зиндагии арзанда ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Напечатать страницу


