- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ҷаласаи Шурои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа гузоришҳо оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ҷамъбасти бандҳои нақшаи Шуро дар соли 2024 шунида шуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби аъзоёни Шуро ҷиҳати тасдиқи нақшаи Шуро барои соли 2025 вазифагузорӣ карда шуда, таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Ҳамзамон дар кори Шуро лоиҳаи нақшаи Шуро барои соли 2025 таҳия шуда, ҷиҳати таъсиси ҷамъияти «Дониш» аз ҷониби аъзои Шуро таклифу пешниҳодҳои ироа гардида мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кутоҳтарин ҷиҳати ба роҳ мондани ҷамъияти «Дониш» таклифу пешниҳодҳои худро ба ҷаласаи Шуро манзур намоянд.