16 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ зери роҳбарии Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ сараввал ба интизомӣ меҳнатии кормандон диққат дода, сипас ба муовинони Раис дастур доданд, ки бо раисони Судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар тамос шуда, бо мақсади бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли ҷорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. судяҳоро таъкид намуданд, ки аризаву шикоятҳои дар истеҳсолоташон бударо то давраи ҳисоботи баррасӣ намуда, санадҳои судиро сари вақт ба шахсони иштироккунандаи парванда дастрас намоянд.
Дар охир Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мирзозода Р.П. мудири бахши омор ва ҷамъбасти амалияи судиро таъкид намуданд, ки зимни қабули ҳисобот маълумотҳои пешниҳодгардидаро ба пуррагӣ санҷида, ҳисоботҳои судҳои иқтисодиро дар муҳлати кутоҳ пешниҳод намояд.

