- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Иштироки намояндагони Суди Олии иқтисодӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои раисони судҳои олии ИДМ.

Рӯзи 12 декабри соли 2024 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, ҷаласаи якуми Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т. ва ёрдамчии муовин Гулмуродзода А.М. иштирок намудаанд.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки намояндагони ҳокимияти судӣ аз Ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҷаласа қарорҳо дар бораи таъсиси гурӯҳи кори доимии ҳамкории байниҳамдигарӣ ва нақшаи чорабиниҳо (конференсияҳо, семинарҳо, мизи мудаввар ва ғайра) оид ба масъалаҳои актуалӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ки гузаронидани онҳо дар давлатҳои аъзо дар солҳои 2025-2026 ба нақша гирифта шудаанд, қабул гардиданд.

Дар фарҷоми ҷаласа, оид ба беҳтар кардани фаъолият дар ин самт ва такмили қонунгузории соҳа пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.