Ба истифода додани бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 декабри соли 2024, бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Бинои нави Суди Олӣ аз 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори мурофиаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ  ҷиҳозонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносои бо имкониятҳои бинои нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иншоотро тӯҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти судии кишвар ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номиданд.

Пас аз шиносои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот доир намуданд. Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди таҳкими ҳокимияти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амали сохтани барномаҳои ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу