- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Судя Аминзода Сайдабону

14 апрели соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1993 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.
Дорои рутбаи судяи дараҷаи чорум тахассус мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.08.2025 № 1055 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1986-1986 Котиби Прокуратураи вилояти Суғд
Солҳои 1986-1989 Котиби ШКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Солҳои 1993-1998 Ҳимоячии ширкати ҳуқуқии «Контракти иттифоқи ҳуқуқшиносҳои Тоҷикистон»
Солҳои 1998-2000 Прокурори шуъбаи назорат аз болои қонунӣ будани қарорҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятии прокуратураи вилояти Суғд
Солҳои 2000-2005 Судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
Солҳои 2005-2006 Ҳуқуқшиноси ҶДММ «Бадри мунир»,  ш.Хуҷанд
Солҳои 2006-2007 Мутахассиси пешбари суди иқтисодии вилояти Хатлон
Солҳои 2007 -2009 Сармутахассис – сардори шуъбаи суди иқтисодии вилояти Хатлон
Солҳои 2007-2010 Мушовири суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
Солҳои 2010-2015 Судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
Солҳои 2015-2020 Муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд
Солҳои 2020-2021 Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд
Солҳои 2021-2024 Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Аз 28 феврали соли 2024 то инҷониб Судяи суди Олии иқтисодӣ