- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Судя Ҷалилзода Хисрав Раҷабалӣ

9 июни соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2001 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи панҷум тахассус мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.08.2024 №848 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 2004 -2009 Мушовири суди шаҳри Душанбе
Солҳои 2009- 2009 Боғбони дастгоҳи Шўрои адлияи ҶТ
Солҳои 2009 -2010 Мутахассиси пешбари бахши судҳои ҳарбии Раёсати судҳои дастгоҳи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010 -2011 Коромӯз – судя
Солҳои 2011 -2017 Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд
Солҳои 2017 -2023 Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Марти 2023 то инҷониб Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон