7 октябри соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1997 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Дорои рутбаи судяи дараҷаи дуюм тахассус мебошад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.08.2024 №848 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолият ва собиқаи корӣ:
| Солҳои 1988-1991 | Колхозчии колхози ба номи Орҷоникидзеи ноҳияи Айнии вилояти Суғд |
| Соли 1991 (01-10) | Коргари ширкати «ТАМО»-и шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1992-1993 | Хаткашон, котиби судии суди шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1993-1994 | Котиби маҷлиси судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе |
| Солҳои 1994-1995 | Иҷрочии суд-мушовири суди ҳарбии гарнизони Душанбе |
| Солҳои 1995-1996 | Ронандаи суди ҳарбии гарнизони Душанбе |
| Соли 1996 (05-12) | Мушовири суди ҳарбии гарнизони Душанбе |
| Солҳои 1996-2002 | Сардори шуъбаи коргузорӣ ва қисми махфии суди ҳарбии гарнизони Душанбе |
| Солҳои 2002-2007 | Судяи суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
| Солҳои 2007-2009 | Судяи суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
| Соли 2009 (03-09) | Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2009-2015 | Муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе |
| Соли 2015 (02-07) | Судяи суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд |
| Соли 2015-2018 | Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Солҳои 2018-2021 | Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд |
| Аз ноябри соли 2021 то 03 феврали соли 2025 | Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| Аз 03 феврали соли 2025 то инҷониб | Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |