Судя Наимзода Бахтиёр

23 ноябри соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2005 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи панҷум тахассус мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.08.2023 таҳти №619 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.      

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1999-2000 Котиби маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2000-2001 Мутахассиси дараҷаи якум оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2005 Котиби маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-12.2005 Мутахассиси пешбари шуъбаи санҷиши фаъолияти судҳои поёнии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2007 Сармутахассиси шуъбаи санҷиши фаъолияти судҳои поёнии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2007 (03-12) Сардори шуъбаи ҷамъбасти фаъолияти судҳо ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2017 Судяи суди иқтисодии вилояти Суғд
Солҳои 2017-2019 Судяи суди вилояти Хатлон
Аз 29 марти  соли 2019 то имрӯз Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Напечатать страницу Напечатать страницу