5 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2002 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Дорои рутбаи судяи дараҷаи якум тахассус мебошад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.08.2024 №848 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолият ва собиқаи корӣ:
| Солҳои 2000-2001 | Хаткашони Суди шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2001-2007 | Котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2007-2010 | Судяи Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ |
| Солҳои 2010-2011 | Судяи Суди ноҳияи Носири Хусрав |
| Солҳои 2011-2015 | Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе |
| Солҳои 2015-2017 | Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд |
| Солҳои 2017-2022 | Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон |
| Аз моҳи июли соли 2022 | Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
