- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Муовини раис Аминзода Зокирҷон

10 январи  соли 1967  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1998 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи якум тахассус мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.08.2022, №418 ба “Ордени Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1984-1985 Коргари матбааи Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон
Солхои 1985-1987 Хизмати ҳарбӣ
Солҳои 1987-1989 Мудири дафтархонаи Суди ноҳияи Марказии        шаҳри Душанбе
Солҳои 1989-1990 Котиби комсомоли Омӯзишгоҳи касбии техники №5-и шаҳри Душанбе
Соли 1990 (08.11) Хаткашони Суди шаҳри Душанбе
Солҳои 1990-1998 Иҷрочии Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
Солҳои 1998-2000 Адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи марказии шаҳри Душанбе
Солҳои 2000 (08.10) Судяи Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе
Солҳои 2000- 2007 Судяи Суди нохияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои  2007-2010 Муовини Раиси Суди ш. Душанбе.
Солҳои 2010-2013 Раиси Суди ноҳияи И.Сомони ш.Душанбе
Солҳои 2013-2017 Раиси Суди шаҳри Панҷакент
Аз майи соли 2017 то имрӯз Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии      Тоҷикистон
Аз соли 2018 Судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардида то ҳол фаъолият менамояд.