- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло

22 декабри соли 1972  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2001 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи дуюм тахассус мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.08.2023 №619 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1992-1994 Котибаи дараҷаи дуюми Раёсати рушди иҷтимоии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1994-1995 Нозири назорати шӯъбаи маъмурӣ- хочагидории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1995 (02-10) Мутахассиси дараҷаи якуми Идораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои берун аз мактабию то мактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1995-1998 Мутахассиси дараҷаи якуми Раёсати муҳосибӣ ва ҳисоботии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 1998 (09-10) Сармутахассиси Идораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои берун аз мактабию томактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1998-1999 Сармутахассиси шӯъбаи пешакӣ тайёр намудани парвандаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 1999-2005 Сармутахассиси шӯъбаи ҳуқуқи байналхалқии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солхои 2005-2010 Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Солхои 2010- 2011 Муовини Раиси Суди нохияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Солҳои  2011-2015 Судяи Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017 Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2024 Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Аз 28 феврали соли  2024 то 03 феврали соли 2025 Муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 03 феврали соли  2025 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон