- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Раиси Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 ноябри соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Дорои маълумоти олӣ буда, соли 2001 Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқ­шинос хатм намудааст.

Дорои рутбаи судяи дараҷаи олии тахассус мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2020 №1572 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Фаъолият ва собиқаи корӣ:

Солҳои 1995-1997 Хизмат дар сафи Қушунҳои сарҳадии қувваҳои мусаллаҳи артиши Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 1997-2000 Муҳосиби муассисаи давлатии мусофиркашонии ноҳияи Данғара
Солҳои 2000-2003 Ёвари судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли 2003 (31.03) то 2003 (11.11) Мутахассиси пешбари Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2004 Иҷрочии Суди ноҳияи марказии шаҳри Душанбе
Солҳои 2004-2010 Судяи Суди ноҳияи Ёвон
Солҳои 2010-2012 Муовини Раиси Суди ноҳияи Ёвон
Солҳои 2012-2013 Муовини Раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе
Солҳои 2013-2015 Раиси Суди ноҳияи Шаҳритус вилояти Хатлон
Солҳои 2015-2017 Раиси Суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон
Солҳои 2017-2022 Раиси Суди вилояти Хатлон
Аз моҳи июли соли 2022 то инҷониб Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон