- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 ноябри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси Ватанро мебояд бо ҳисси баланди ифтихор арзишҳои муқаддаси кишвари сулҳу амонидоштаро пос дошта ва зери ливои Ватан шукргузорӣ намояд.

Аз таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ бармеояд, ки ҳокимони давр барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд.

Дар замони муосир ҳар як давлати мустақилияташ эътирофгардида соҳиби муқаддасоти миллӣ- Парчами давлатии худ мебошад. Воқеан ҳам қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо низ мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Ҳамчунин дар идомаи чорабинии имрӯза муовини раис Аминзода З.Т, судяҳои СОИ ҶТ Саид Суҳроб ва Аминзода С. дар мавзуъҳои  таърихи парчамдории тоҷикон, эҳтиром ва манзалати он, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ватандорӣ маъруза намуданд.