Парчам – муаррифгари миллати тоҷик

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро қабул кард, ки дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид, ки ҳамасола бо тантана ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Парчам – вожаи суғдӣ буда, ба маънии “зулфи кокул” ва ҳамчунин “пупаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд.
Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Аз ин ҷост, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.
Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурдӣ расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи соли 2007 “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар менамояд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад онро тасдиқ менамояд.
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар чорабиниҳои расмӣ, сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯза нақши хосси худро доро мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи неки мардуми кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдории ҳар як миллат ба ҳисоб меравад.
Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муҳими истиқлолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватанпарасти мамлакат мебошад.
Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намоянд.

Сармутахассиси шуъбаи
муҳосибот ва таъминоти
моддию техникии судҳо                        Миҳтоҷова Н.М.

Напечатать страницу Напечатать страницу