Яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон Парчам мебошад. Парчам дар баробари Нишон, Суруди милли, Конститутсия, Пули миллй яке аз муқадцасоти миллй ба шумор меравад.
«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллй ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар Тоҷикистон баландтарин бурҷи парчам дар ҷаҳон дар марзи пойтахти мо шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат ифтитоҳ гардид. Ҳамин тавр, парчами Тоҷикистон бо сутуни дорой баландии 165 метр ба Китоби рекордҳои Геннес ворид шуд. Дарозии матои ин парчам 60 метр ва бари он 30 метр аст.
Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 32 сол қабл дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Олӣ қонун қабул кард.
Парчами давлатй аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.
Ранги сурхи парчам нишон аз муборизаҳои халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ муҳофизати маданияташ, анъанаҳои милиашро фаромӯш накарданаш дарак медиҳад.
Ранги сафеди парчам ин рамзи ростию покист. Ниёгони мо одамонро ба покизаагии вичдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд.
Ранги сабзи парчам ранги баҳору деҳқонӣ мебошад. Инчунин ранги сабз нишона ва ранги биҳишт дониста мешавад.
Тачдили Рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он мебошад. Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллй фаромӯшнопазир ва рӯзи ифтихору сарфарозист. Худи Парчам барон миллат эътибору шараф ва як нишони муқаддас аст. Парчами давлатӣ рамзи саодату иқболи мардуми сарбаланди тоҷик ба ҳисоб рафта он баёнгари сулҳу суббот буда, вахдату ягонагии моро исбот менамояд. Пурафшон гардидани он моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон ва фардои ободу осуда раҳнамой мекунад.
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода С.Р.
Напечатать страницу