14 ноябри соли 2024 дар шаҳри Минск дар Кумитаи Иҷроияи ИДМ ҷаласаи мақоми олии коллегияи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Пленуми Суди иқтисодии ИДМ тавассути конфронси видеоӣ баргузор гардид.
Дар Пленуми мазкур иштирок доштанд: Раиси Суди иқтисодии ИДМ, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Беларус Плотников Андрей Владимирович, Муовини раиси Суди иқтисодии ИДМ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Сӯҳроб,Судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир, Судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Қирғизистон судяи Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Давлетов Айбек Абубакирович, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон Мергалиев Асламбек Амангелдинович, Судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Федератсияи Россия Нагорная Эвелина Николаевна:Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Сатьев Медербек Асанбекович, Судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси суди шаҳри Алмаато Смаилов Аскар Спартакович,Ҷонишини раиси Суди Олии РФ раиси коллегия оид ба баҳсҳои иқтисодӣ Иваненко Юрий Григоревич, Ҷонишини раис, раиси коллегия оид ба корҳои иқтисодии Суди Олии Ҷумҳурии Белоруссия Кобец Юрий Викторович.
Инчунин дар кори Пленум судяҳои суди ИДМ Миколенко Татьяна Александровна, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Беларус, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Беларус Султанов Нурлан Кидиржанович, судья Экономического Суда СНГ от Республики Казахстан ва шахсони даъватшуда дар кори Пленум, Анфимов Леонид Васильевич, ҷонишини якуми котиби генералии ИДМ, Мусралинов Асылбек Сеилханович, ҷонишини сардори Раёсати судии Ҷумҳурии Қазоқистон, Камчибеков Шералӣ Равшанбекович, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба парвандаҳои гражданӣ ва иқтисодӣ Чаргынова Турсунгул Толипековна, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон, котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон, Виноградов Михаил Владимирович сардори Сарраёсати ҳамкории байналмилалии ҳуқуқии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ва кормандони комитети иҷроияи ИДМ ва суди иқтисодии ИДМ иштирок доштанд.
Ҷонишини якуми Котиби Генералии ИДМ Анфимов Леонид Васильевич ба иштироккунандагони Пленум бо сухани табрикӣ муроҷиат намуд. Пленум лоиҳаи протоколро дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомнома дар бораи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Суди иқтисодии ИДМ таҳия кардааст, дида баромад.
Ҳамчунин бо қарори Пленум аз 14 ноябри соли 2024 Эвелина Николаевна Нагорная, судяи Суди иқтисодии ИДМ аз Федератсияи Россия бо унвони «Корманди фахрии Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон бо Ифтихорномаи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Анфимов Леонид Васильевич, муовини якуми котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Смаилов Аскар Спартакович, судяи Суди иктисодии ИДМ аз Ҷумҳурии Казокистон, раиси суди шаҳри Алмаато сарфароз гардонида шуданд.
Илова бар ин, аз номи раиси Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кормандони мақомоти судии давлатҳои аъзои ИДМ, барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар фаъолияти Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: Вализода Фаррух сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баскаков Михаил Игорьевич, иҷрокунанда сардори Шуъбаи хамкории байналмилалии Суди Олии ФР, Ҷонишини сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии маъмурияти судии Ҷумҳурии Қазоқистон Талгат Таскужин Жангилдиевич бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.



