- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Президент ҳомии Конститутсия

Таърихи кӯҳандиёру пурфарҳанги тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд.

Ҳамасола дар кишвари азизу маҳбубамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.

16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд. Дар арсаи байнанмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллати тоҷик, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи мо барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад.

Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ – ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.

Асосҳои ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки мувофиқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.

Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқ намегардад.

Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳамаи инро ба эътибор гирифта, дар Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои “Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё тӯҳмат кардан ба ӯ” ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ин ҷо объекти ҳифзшаванда обрӯ ва эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷиқистон мебошад.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.

Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Сардори шуъбаи муҳосибот ва
таъминоти моддию техникии судҳо                                  Ҷумазода М.