- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек тамоми идораи давлатиро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллати тоҷик фурӯзон намуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки раванди истиқлолхоҳӣ ва давлатсозӣ кори содаву осон нест. Садҳо халқу миллатҳо ин орзуву омолро бо худ бурдаанд ва аз баъзеи онҳо нишоне ҳам намондааст. Як қатор давлатҳои бонуфузи замон раванди истиқлолхоҳиро бо муборизаҳои шадид аз сар гузаронидаанд.

Метавон гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ дар шароити ин давлатҳо гарчанде решаҳои амиқи таърихӣ дошта бошад ҳам, маҳз дар охири асри бисти мелодӣ ҳодисаи ғайриинтизор буд. Дар ин марҳалаи таърихӣ заминаҳо барои истиқлол чандон устувор дониста намешуданд, вале ба ин нигоҳ накарда, истиқлоли давлатӣ аз тарафи мардум қабул шуд, аммо дарки ин падида барои мардуми ба мустақилият одатнакарда хеле душвор ва мушкил буд. Мардум намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. Касе дигар раҳнамо набуд, касе кумак намекард, касе парвои мардум, кишвар ва давлат надошт. Ҳама мехостанд, ки ба ҳокимият расанд, вале дар пушти ин хоҳишҳо кӣ меистод ва ба лӯхтакбозиҳо кӣ машғул буд, касе намедонист. Қувваҳои муайян гуноҳро гоҳ ба гардани дин ва гоҳе ҳизбҳои сиёсӣ, гоҳе ба ҳамсояҳову кишварҳои дур ҳавола мекарданд, вале касе аз пастии маърифати сиёсӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, надонистани таърихи худу бозиҳои геополитикӣ, қувваҳои дохилии марказгурезу ҷудоихоҳ, ки ҷомеаро ба бунбаст кашиданд, фикр намекард. Ба таври дигар гӯем, омилҳои дохилиро, ки ҳама вақт нақши аввалиро доштанд, ба назари эътибор намегирифтанд.

Маҳз дар ҳамин рӯзҳои сахту сангин бо инояти Худованд марди шуҷои Ватан, далеру нотарс ва пуштибони мардуми мазлум ба майдони сиёсат баромад, ки ин Эмомалӣ Раҳмон буд. Хизмати таърихии Пешвои миллат аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи нави Тоҷикистонро эҷод кард. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд.

Таърихи давлату давлатдорӣ борҳо собит сохтааст, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ бе бунёд намудану устувор гардонидани рукни асосии он – таъмини истиқлолияти иқтисодӣ номумкин аст. Истиқлолияти иқтисодӣ, иқтисоди рушдёфтаву тавоно, пояи устувори давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Бо дарки амиқи ин нукта Сарвари дурандеш ва хирадманди Тоҷикистон баъди бартарафсозии оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ баҳри инкишофу рушди ҷомеа ҳадафҳои асосии сиёсати давлатро дар ҷодаи рушди иқтисод ва тақвият бахшидани иқтидори иқтисодии кишвар муайян намуданд ва нерӯи созандаи аҳли ҷомеаро баҳри расидан ба ҳадафҳо раҳнамун сохтанд.

Дар баробари ин метавон гуфт, ки нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлоли фарҳангии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳалкунанда аст. Аввалан, қадру манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ боло бардошта шуд, баъдан ба ҳайси ҷашни умумимиллӣ ва умумибашарӣ эълон гардидани ҷашни бостонии Наврӯз ба тақвият бахшидани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Метавон гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва фарзандони бо нангу номуси миллат, инчунин ҳамкории беғаразонаи тамоми табақаҳои аҳолӣ, корҳои азими созандагиро пеш гирифта, бо вуҷуди мушкилоту, монеаҳои мавҷуда роҳу равиши ояндаро тарҳрезӣ намояд.

Аз ин рӯ, дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ватанамонро ҳамеша дӯст дорем, ҷаҳду талош ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиамон қадр намуда, онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо ин сарзамини зебову оромамонро зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд.

Сармутахассиси шуъбаи
муносибатҳои байналмиллалӣ
ва мураттабсозии санадҳои
меъёрӣ ҳуқуқӣ                                                 Абдураҳимзода Ш.Ҳ.