- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мувофиқи муқаррароти моддаи 2 -юми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки санаи 14-уми майи соли 2016 қабул шудааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъин ва гузаронида шудани Иҷлосияи таърихии XVI -уми Шӯрои Олии ҶТ дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Дар Хуҷанди бостонӣ вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI – ум барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ кушишҳои зиёд намуданд. Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад ва имсол мардуми кишвари мо 30-солагии онро ботантана чун Иди умумимиллӣ таҷлил мекунад.

Ин иҷлосия, дар ҳақиқат, таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур -ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Пас аз баромади нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи сулҳу дустӣ ва тараққиёти кишвар заминагузорӣ гардид. Сухани аввалинашон ин буд: “То як гуреза берун аз Ватан аст, ман хотирҷамъ намешавам. Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!” Нутқи ӯ асоси барномаи амали панҷ соли аввали фаъолияти тамоми ҳукумати ҷумҳурӣ гардид.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, вобаста ба сиёсати сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамояд: “Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тамоми кӯшишҳои ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст”. Албатта, фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки воқеан ҳам шахсиятҳо барои пешрафту ҳифзи миллатҳо нақши бориз доранд.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Қаландарзода М. С.