Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз дошта, аз ҷумла воқеаҳои бузургу беназири таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шимоли кишварамон дар ҳоле баргузор гардид, ки ба миллат ва давлати Тоҷикистон хавфи парокандашавӣ ва аз байн рафтан таҳдид мекард.
Дар ин маврид лозим ба зикр аст, ки ин иҷлосия аз 16 то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил дар рўзи якум 193 нафар, дертар 197 нафар иштирок намуданд ва дар он дар маҷмўъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шудаст. Албатта, қарору санадҳои меъёрии қабулшуда, дар Иҷлосия наметавонистанд кулли масоили рузмараро фаро гиранд, вале ин Иҷлосия, ки бо сабабҳои дар маркази ҷумҳурӣ таъмин набудани амният дар вилояти Суғд баргузор гардид, ба ҳадди муайян дар танзими ҷомеа мусоидат намуд.
Яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқии дар ин Иҷлосия қабулшуда, ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат, ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд» мебошад. Ин санади ҳуқуқӣ барои ҳар чи зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва хомуш намудани ҷангӣ шаҳрвандӣ дар кишвар ниҳоят зарур буд.
Ба андешаи мо, вазифаи ин Иҷлосия таъсиси Ҳукумати босалоҳият, буд ки тақдири давлату миллатро ба даст гирад ва Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат берун сохта, ба шоҳроҳи сулҳ ва ҳаёти осоишта баргардонад.
Имруз мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Иҷлосияи тақдирсоз вазифаи худро бо маънои томаш иҷро намуд ва хиради азалии миллати тоҷик боло гирифта, дар он вакили мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат раиси Шўрои Олии ҳамвонвақта интихоб гардид ва ў тавонист бо хираду зиракӣ ва ҷасорату гузаштҳо оташи ҷангро хомўш карда, кишварро ба роҳи рушд равона созад.
Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханронии худ дар ин Иҷлосия гуфта буданд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Чун ба ин суханҳои Сарвари давлат аз мавқеи имрўз ва раванди воқеаву рўйдодҳои зиндагӣ назар меафканем, ба ифтихор гуфта метавонем, ки суханронӣ ва фаъолияти амалии Президенти кишвар дар ин Иҷлосия ба қалби мардум роҳ ёфта, меҳру муҳаббат, боварӣ ва самимияти бошандагони мамлакатро ба ин сарвари онвақта ҷавону дурбин бештар намуд.
Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқолияти миллӣ, таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.
Махсусан агар ба масоили давлатдории навини тоҷикон дар тўли 32 соли баъд аз Иҷлосия назар андозем, ташаккули давлатдории миллӣ дар ҳақиқат пас аз Иҷлосия равиши босуръат касб намуда, давоми солҳои минбаъда танҳо тараққиёту рушди онро мушоҳида менамоем.
Албатта, роҳи тайнамудаи кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз баргузории Иҷлосия то имруз таҳлил намоем, пас маълум мегардад, ки қарорҳои Иҷлосия ва руҳияи он сарчашмаи ташаккул ва рушди самту соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ гардидаанд.
Пеш аз ҳама, яке аз қарорҳои баҳсноку муҳимтарини он даст кашидан аз ниҳоди президентӣ буд, ки ин ниҳоди марҳилаи шўравӣ ҳамагӣ ду сол дошт (10 ноябри соли 1990 то 31 августи 1991 Қаҳор Маҳкамов, минбаъд иҷрокунанда Қадриддин Аслонов ва Раҳмон Набиев 1991-1992).
Аз ҷумла тибқи қарори Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати ду сол, яъне 1992-1994 то райъпурсии умумихалқии 6 ноябри соли 1994 мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳоди таъсисшудаи даврони шўравӣ буд, барҳам дода шуда, баъд аз райъпурсии умумихалқи боз аз нав таъсис ёфт.
Тибқи қарори Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мансуб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби бекор кардани ин мансаби олии давлатӣ ба уҳдаи Шўрои Олӣ, Раиси Шўрои Олӣ, Ҳукумат ва қисман ба ўҳдаи Раёсати Шўрои Вазирон вогузор карда шуд.
Идома ёфтани шакли идории президентӣ дар давраи ҳассоси давлатдории тоҷикон тақозои замон буда, омилҳои зерин аз нав таъсис додани онро талаб мекарданд: якум вазъи нороми кишвар, дуюм давом ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, сеюм вайрон шудани қонуният ва тартиботи ҳуқукӣ дар кишвар, чорум ҳимоя нашудани марзи кишвар, панҷум боз ҳам зиёд шудани ҷинояткорӣ махсусан ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини муташаккил, шашум зарурати хотима додан ба ҷанги дохилӣ ва ба ҳолати муътадил овардани кишвар буд.
Дар вазъияти ноороми кишвар талабот ва зарурият ба яккасардорӣ ва сиёсати қатъи дар ҳама самтҳо вуҷуд дошт, ки иродаи қавӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомуш ва дар кишвар оромиро таъмин намуда, мардумро ба ҳаёти осоишта, меҳнату таҳсил, истеҳсолоту саноат ва ободкорӣ сафарбар намояд.
Ниҳоди президентӣ барои шароити баъдиҷагӣ мувофиқ буда, барои мутамарказ намудани идоракунӣ, мутаҳид намудани қарорҳои қабулшуда ба як марказ лозим буд.
Чи тавре, ки таҷриба нишон дод ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон нақши басо бузург бозида, вазифаҳои дар назди ин ниҳод гузошташударо комилан амалӣ намуда, дар ҳаёти навини ҷомеаи Тоҷикистон ба ниҳоди муассири сиёсӣ табдил ёфта, бо ин хусусият аз ниҳоди президентии марҳилаи шўравӣ тафовути зиёд дорад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар воситаҳои ахбори омма, радиову телевизион, балки дар таҳқиқоти илмӣ низ мавқеи ниҳоди президентӣ ва шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногунии ҳаёти ҷомеа муҳим арзёби мегардад, Дуруст ва саривақти будани ворид гардидани ин ниҳоди сиёсиву ҳуқуқиро таърихи навини давлатдории тоҷикон исбот намудааст.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки давлатдории навини тоҷикон дар заминаи ниҳоду мақомоти давлатҳои таърихии тоҷикон ба вуҷуд омадааст. Агар масъалаи таносуби давлатдории навини миллироо ба давлати Шўравии тоҷикон ва то кадом дараҷа мақбул шудани мақомоти собиқ шўравиро дар марҳилаи нави давлатдорӣ таҳлил намоем, пас маълум мегардад, ки дар марҳилаи навин, махсусан давраи гузариш вобаста ба идомаи фаъолияти ниҳодҳои давлатдорӣ шакли идораи президентӣ нақши муассир гузоштааст.
Иҷлосияи таърихию сарнавиштсозӣ 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдории таҳкурсии давлат, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим ва мусоид фароҳам овард.
Воқеан ҳам Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст, зеро ин рўйдоди муҳими таърихи тавонист, тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, ҳамчунин барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят муракаби сиёсӣ мусоидат намуд.
Дар яке аз Паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда буданд, ки «Иҷлосияи таърихии Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ, ҳуқукбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард».
Бо шарофати баргузории Иҷлосияи сарнавиштсоз ва қабул гардидани санадҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби вакилони ин иҷлосия миллати тоҷик, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи бунёди ҷомеаи демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта пеш рафта истодааст.
Муовини Раиси Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии
Тоҷикистон: Хайриддинзода А.