Санаи 1 ноябри соли 2024 дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидзода Исфандиёр, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Дилором Рустам, судяҳо ва кормандони дастгоҳ ба муносибати 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши созандагии Конститутсия дар таъмини адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоишро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз намуда қайд карданд, ки нақши созандагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи сарнавиштсози миллати тоҷик басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ изҳор дошт, ки «дар таърихи ҳар миллат воқеаҳое ба амал меоянд, ки барои бунёди давлати миллӣ заминаи таърихӣ мегузоранд. 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин рӯзи таърихӣ боқӣ мемонад, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид».
Сипас мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидзода Исфандиёр ва судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Дилором Рустам бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карда, таъкид доштанд, ки қабули ин санади тақдирсоз ифодагари дастгирии халқ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардида, татбиқи бомароми меъёрҳои он ба пойдории сулҳу ваҳдат, соҳиби обрӯву эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштани давлат ва ба кишвари ободу зебо табдил ёфтани Ватани азизи мо мусоидат намуд.
Гузашти солҳо, дурустии роҳи интихобкардаи мардуми тамаддунофари моро бо сарварии Пешвои муаззами миллат, баҳри ташкили давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ собит сохт.
Инчунин, бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими қонуният ва иштироки фаъолона дар корҳои ташкилию сиёсӣ, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ба муносибати 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва дараҷаи тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд.
Напечатать страницу







