Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол аст, ки соҳибистиқлол мебошад. Яке аз рукнҳои асосии ҳар як давлати соҳибистиқлол забони давлатӣ аст.
22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонунӣ забон қабул гардида, қисме аз муқаррарот ва меъёрҳои қонуни мазкур бо гузаштани замон, яъне баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рузафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёри ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонад. Аз ҳамин лиҳоз зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад.
Бо ин мақсад 5-уми октябри соли 2009, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар қонуни забони пешин набуданд, ҷойгоҳи худро пайдо карда, ин қонун яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилали ба ҳисоб рафт.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи ҳуқуқии ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар даврони истиқлоли давлатӣ-дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанги ба танзим медарорад. Яъне тавасути ин қонун забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсатӣ қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардидаст. Бо вуҷуди ин, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор гардидаанд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони ин забон талош варзанд.
Баъди мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ роҳи васеъ боз гардида, яке аз дастовардҳои муҳими қонунгузории миллӣ дар соҳаи забон дар даврони истиқлол, ин бо забони давлатӣ номгузори намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳаҳо инчунин кӯчаҳо, бощҳои фарҳангӣ ва маҳалҳои дигари аҳолинишин буда, матни муҳру тамщаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, қогазҳои қимматнок ва лавҳаю овезаҳо бо забони тоҷикӣ навишта мешаванд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо забони давлатӣ таҳия ва қабул карда шуда, забони кории Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарби ва ҷузъу томҳои он забони давлатӣ мебошад.
Ғайр аз ин, дар даврони Истиқлол мактабҳои илми забоншиносӣ ташаккул ёфта, илми забоншиносӣ ҳамзамон бо пешрафти риштаҳои иқтисодӣ ва иҷтимои ривоҷу равнақ пайдо намуда истодаанд.
Инчунин барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохтори нави давлатӣ- Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба уҳдаи ин Кумита масъулияти татбиқи ин қонун, танзим ислоҳот ва назорати истифодаи меъёрҳои забони адабӣ вогузор шудааст.
Дар даврони истиқлол дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои барномавӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди забони давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012 «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» тасдиқ гардиданд.
Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон қабул гардида, дар рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
Бояд зикр намуд, ки барномаи мазкур барои ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандўстӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа таҳия шудааст.
Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Ҳамин тариқ мақоми давлати пайдо кардани забони модарӣ моро ба донистани нозукиҳои он ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, бещалат навиштану донистани меъёр ва риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ” ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021 таҳти №268, тасдиқ карда шудааст, ҳастии ин рукни асосии миллатро таъмин менамояд.
Қайд кардан ба маврид мебошад, ки ҳеҷ забоне бе пуштибонии қавии сиёси мавҷудият ва пойдории худро бардавом нигоҳ дошта наметавонад. Инро таҷрибаи таърихи гузашта ва имрӯза собит сохтааст, ки дар натиҷаи бедавлатию беназоратии сиёсӣ садҳо қавму миллатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудаанд. Хушбахтона баъд аз сарсониҳои зиёди таърихи, имруз забони тоҷикӣ дар симои давлату миллат ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибону щамхори худро ёфтааст.
Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро дар самти сиёсати давлатӣ оид ба забон, эътирофи забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳастии давлат ва миллат, густариши истифодаи забони давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони адабӣ, инчунин ҷараёни мукаммалу муназзами риояи қоидаҳои он ба сифати арзиши олии давлатӣ ташкил додааст.
Бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ аз муқаддасоти давлат дониста шуд, ки нишони аҳаммияти махсуси давлатӣ нисбат ба забони модарист. Дар ин росто, муҳиммияти муқаддасоти мазкур, қабл аз ҳама, дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд.
Яъне китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо — тоҷикон, таълиф ёфтани асари гаронбаҳои «Забони миллат – ҳастии миллат» аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо–нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли якчанд масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз мебошанд.
Нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мақом ва ҷойгоҳи аслии худро пайдо кардааст.
Ҳамин тариқ, забон шиноснома ва василаи асосии шинохти миллат, омили асосии муттаҳидсозандаи наслҳои дирузу имрузу оянда буда, поку беолоиш ва аз таҳдиду хатарҳои муосир эмин нигоҳ доштани он вазифаи муқадас, имонӣ ва виҷдонии ҳар як соҳибзабон мебошад. Барои ҳифзу нигоҳдошти забон натанҳо нафарони алоҳида ва қишри муайяни ҷомеа, балки ҳар як фарде, ки бо забони тоҷики ҳарф мезанад, муваззаф мебошад, зеро забон пойдевори асосии ҳастии инсон ва миллат аст.
Дар урфият “Забондонӣ-ҷаҳондонӣ” мегуянд, яъне қабл аз ҳама ҳар як шахс бояд қонуну қоидаҳои забони модарии худро аз худ намояд, то ки омӯхтани забонҳои дигар осон гардад.
Дар фарҷом бо ифтихору садоқат ба забони модарӣ Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи хизмат ба хотири ҳифз ва рушди забони давлатӣ барору комёбиҳо тамано дорам.
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилзода Х.